Абдуллоҳи Байзовӣ

Абдуллоҳи Байзовӣ
араб. عبد الله بن عمر البيضاوي
сурат
қозии Шероз

Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: додрас, илоҳиётшинос, файласуф, қозӣ, муфассир, ҳуқуқдон
Таърихи таваллуд: асри XIII[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1286[2]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва ашъарӣ

Фаъолияти динӣ
Самти фаъолият: тафсир, илоҳиёт[4], religious studies[d][4], ҳуқуқ[4] ва фалсафа[4]
Осор:
Вироиши Викидода

Носируддин Абдуллоҳ ибни Умар ибни Муҳаммади Шерозӣ ал-Байзовӣ (ар. عبد الله بن عمر البيضاوي‎; асри XIII[1], Ардакон, устони Форс1286[2], Табрез[3]) — муфассир, фақеҳ, донандаи илми калом ва таърихнигори мусулмон.

Зиндагионма

Ашрофзода, зодаи шаҳри Байзо. Аз сабаби солҳои бисёре дар Шероз иқомат доштанаш ба ӯ тахаллуси «Шерозӣ» додаанд. Куняҳои Абулхайру Абусаидро мансубаш донистаанд. Ба гуфтаи худаш, аввалин устоди ӯ, алалхусус, дар соҳаи илми фиқҳ, падараш будааст («ал-Ғояту-л-қусво»). Аз устодони бисёр, аз ҷумла Умар ибни Закии Бушконӣ, Насируддини Тусӣ илм омӯхтааст. Дар ҳалқаи шогирдони Байзовӣ номи касоне чун Камолуддин Умар ибни Илёси Мароғӣ, Абдурраҳмон ибни Аҳмади Исфаҳонӣ омадааст, ки аз осори ӯ ёд овардаанд.

Ҳаёти Байзовӣ дар замони нооромӣ ва интиқоли қудрати Атобакон ба Элхониёни муғул сипарӣ гаштааст. Бахше аз ҳаёташро дар Табрез гузаронида, дар ҳамон ҷо аз ҳаёт даргузаштааст.

Осор

Осори бисёре дар фиқҳу усули улуми қуръонӣ, калом, ахлоқ, нуҷум, таърих ва адаб эҷод кардааст, ки бархе аз онҳо дастрас нагардидаанд.

Асарҳои машҳури Байзовӣ, ки то замони мо расидаанд, «Анвору-т-танзил ва асрору-т-таъвил», «Лубобу-л-албоб» (китоб доир ба наҳв), «Минҳоҷу-л-вусул ила илми-л-усул» ва «Низому-т-таворих» (китоби таърихӣ) мебошанд. Китоби «Низому-т-таворих» ба забони форсӣ таълиф шуда, таърихи ҷаҳонро аз зуҳури Одам (ъ) то солҳои зиндагии муаллиф дар бар мегирад, ки барои муҳаққиқони илми таърих хеле арзишманд аст.

Эзоҳ

Сарчашма