Анатолий Благонравов

Анатолий Аркадевич Благонравов
Акс:Blagonravov AA.jpg
Таърихи таваллуд 20 май (1 июн) 1894
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 феврал 1975(1975-02-04)[1][2] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ механика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо

Анато́лий Арка́девич Благонра́вов (20 май (1 июн1894, деҳаи Анковои губ. Владимир — 4 феврали 1975, Маскав) — механики шӯравӣ (дар соҳаи баллистика), академики АИ ИҶШС (1943), генераллейтенанти артиллерия, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1964, 1974), Ходими хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСФСР (1940).

Зиндагинома

Институтиполитехникии Петроград (1916), худи ҳамон сол Омӯзишгоҳи артиллериявии Михайлов, Мактаби олии артиллерия (1929) ва Академияи ҳар­бии техникиро (1929) хатм кардааст. Президенти АИ артиллерӣ (1946-50), директори Институтимошиншиносӣ (1953), акад. котиби шуъбаи илмҳои техникаи АИ ИҶШС (1957-63), узви ҳақиқии Академияи байналхалқии астронавтика. Благонравов асосан дар масъалаҳои механика, аслиҳаи оташфишон, аслиҳаи авиатсионӣ ва кайҳонӣ таҳқиқоти илмӣ кардааст. Узви Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Бузурги Советӣ (нашри 2 ва 3), раиси Комиссияи АИ ИҶШС оид ба таҳқиқ ва истифодаи фазои Кайҳон, ноиби Президенти Кумитаи бай­налхалқии таҳ­қиқоти кайҳонӣ (КОСПАР) буд. Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1941) ва Мукофоти ленинӣ (1960). Бо 5 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, «Ситораи Сурх», 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гар­дидааст.

Эзоҳ

Сарчашма