Архимисетҳо
Архимисетҳо | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Archimycetes | ||||||||||||||
|
Архимисетҳо (лот. Archimycetes) — синфи занбӯруғҳои дараҷаи паст, ки бештари онҳо дар дохили ҳуҷайраи обсабзҳо, занбӯруғҳои обӣ ва растаниҳои гулдор ҳаёт мегузаронанд.
Ҷисми нашвии архимисетҳо аз протоплазма ё митселия иборат аст. Дар мавриди афзоиши ғайриҷинсӣ дар аксари архимисетҳо як ё якчанд спорангийҳо ташаккул меёбанд (дар онҳо зооспораҳое ба вуҷуд меоянд, ки як қамчинак доранд). Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ гаметаҳо омехта мешаванд. Аксар архимисетҳо систа дошта, аз он баъди давраи оромӣ зооспораҳо мебароянд.
Эзоҳ
Адабиёт
- Архимисетҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.