Ахилия

Ахилия
ИхтисосПизишкии гувориш Edit this on Wikidata
Ахилия
МКБ-10 K31.8 ва K86.8
eMedicine / 

Ахилия (аз юн.-қад. ἀ- — ҳиссачаи инкорӣ ва χυλός — шира) — кислотаи хлорид ва ферменти пепсин надоштани шираи меъда.

Навъҳои ахилия

Ахилия органикӣ ва вазифавӣ мешавад. Дар мавриди ахилияи органикӣ (узвӣ) бофтаҳои ғадуди зери меъда хароб шуда, он шира ҷудо кардан наметавонад. Ахилия бемории луобпардаи меъда (атрофияи ғадуди меъда) ё зуҳуроти дигар бемориҳо (сил, баъзе навъҳои камхунӣ ва ғайра) аст. Ахилияи вазифавӣ дар натиҷаи осебҳои шадиди асабию рӯҳӣ, таъсири моддаҳои заҳрнок ва ғайра сар мезанад. Ҳангоми он кори ғадудҳои ҳазми хӯрок муваққатан суст мешавад. Аломати асосии Ахилия бад шудани ҳазми хӯрок аст, ки дар натиҷаи он даруни бемор гоҳ-гоҳ меравад.

Муолиҷа

Бо мақсади муолиҷаи ахилия бартараф намудани сабабҳои пайдоиши он, истеъмоли ғизоҳои зудҳазм, шираи меъда, витамини С аҳаммияти зиёд доранд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Тревис С. П. (ва диг.). Гастроэнтерология. М., 2002;
  • Мухин Н. И., Моисеев В. С., Мартынов А. И. Внутренние болезни. М., 2006.

Сарчашма