Бета-зарра
![](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/a/aa/Beta-minus_Decay.svg/220px-Beta-minus_Decay.svg.png)
Бета-зарра (β-зарра) — электрон ва позитроне, ки ҳастаи атом ҳангоми бета-коҳиш меафканад. Сели бета-зарраҳо бета-афканиш номида мешавад.
Бета-зарраҳо аз тарафи физикдони фаронсавӣ А. А. Беккерел соли 1876 кашф карда шуда буданд. Ҳоло маълум аст, ки бета-зарраи манфӣ заряднок (β−) электрон ва бета-зарраи мусбат заряднок (β+) позитрон мебошад. Фарқи бета-зарраи манфӣ заряднок аз электрони одӣ фақат дар «ҷойи тавлид» — ҳастаи атом (на абри электронии атрофи ҳаста) ва суръати (энергияи) ҳаракат (270 000 км/с) аст. Энергияи бета-зарраҳо бефосила аз сифр то ягон энергияи калонтарин, ки аз изотопи коҳишёбанда вобаста аст, тақсим шудааст ва дар ҳудуди аз 2,5 кэВ (барои Рений-187) то даҳҳо МэВ мехобад. Ниг. низ Бета-коҳиш.
Нигаред низ
- Алфа-зарра
- Бета-коҳиш
- Гамма-афканиш
Эзоҳ
Адабиёт
- Бета-зарра / М. Сафаров, С. Тағоев. // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Шаблон:Nuclear-phys-stub