Генератори барқ

Генераторҳои барқии аввали асри XX. НБО Ҳиндукуш, дар дарёи Мурғоб (дар вақти ба истифода додан пуриқтидортарин дар Империяи Русия. Дар Венгрия истеҳсол шудааст: Ширкати Ганц

Генератори барқӣ — дастгоҳ барои ба нерӯи барқ табдил додани ягон намуди нерӯ (механикӣ, кимиёӣ, гармӣ, рӯшноӣ). Намудҳои гуногуни генератори барқӣ — электрокимиёӣ, магнитоҳидродинамикӣ, термоэлектрӣ, термоэмиссионӣ, фотоэлектрӣ, батареяҳои офтобӣ, унсурҳои галванӣ ва ғ. мавҷуданд.

Дар генератори барқӣ раванди пайдоиши ҷараёни электрӣ ба ҳодисаи индуксияи электромагнитӣ асос ёфтааст. Генератори барқӣ ҳам ҷараёни тағйирёбанда ва ҳам ҷараёни доимӣ ҳосил мекунад. Генераторҳои ҷараёни доимӣ дар корхонаҳои саноати филизкорӣ ва электролизӣ, дар нақлиёт, киштиҳо, неругоҳҳои барқӣ ва ғ., генераторҳои ҷараёни тағйирёбанда дар автомобилҳои гибридӣ, барқанок кардани аккумуляторҳо ва дар рӯзгор истифода мешаванд.

Эзоҳ

Сарчашма