Иблис

Иблис
ар. إبليس‎‎
Нигора
Пеша васваса
Заминаи корӣ васваса[d]
Наққош шайтоншиносӣ дар ислом[d] ва тафовути арвоҳ дар ислом[d]
Алоқаманд ба васваса[d]
Қисман монанд ба Ифрит[d], Морид[d] ва Уму-с-сибён[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Иблис (аз ар. أَبْلَسَ‎ — ноумед, саргардон, андуҳгин) — номи шайтон дар ислом, ки дар Қуръон ёздаҳ мартаба аз ӯ ёд шудааст. Умдаи ҳузури ӯ дар Қуръон марбут ба достони Одам аст, ки Худо ба фариштагон дастур медиҳад дар баробараш саҷда кунанд аммо Иблис намепазирад ва натиҷтан аз биҳишт ронда мешавад.

Ба қавле, номи аслиаш Ҳорис (Ҳарс) буд, бино бар ибодати тӯлониаш ӯро Азозил хитоб мекарданд. Пас аз такаббур ва уҷб Иблис номида шуд, ба сабаби сарпечӣ аз саҷда ва рондашавӣ аз даргоҳи илоҳӣ Шайтон ном гирифт. Асли офариниши Иблис аз оташ аст. Дар Қуръон ба вуҷуди зуррия (насл, лашкар ва пайравон) ва фарзандони Иблис таъкид шуда (18:50), аммо ба чигунагии таваллуд ва теъдоди онҳо ишорае нарафтааст. Куня ва лақабҳои Иблис: Абумурра, Бумурра, Абуқурра, Бухилоф, Абулабинӣ, Шайхи Наҷдӣ, Ханнос. Назири Иблис дар зардуштия ва маздоия Аҳриман аст.

Дар Қуръон

Дар Қуръон лафзи Иблис 11 бор ба кор рафта, ба ҷуз 2 маврид (26:95; 34:20), дигар мавридҳо (2:34; 7:11; 15:31, 32; 17:61; 18:50; 20:116; 38:74,75) марбут ба офариниши Одам ва мавқеъгирии Иблис аз ӯянд. Достони сарпечии Иблис аз амри илоҳӣ ва кибр варзидани ӯ дар Қуръон борҳо ва ба суратҳои гуногун баён шудааст. Тибқи тафсирҳо, Иблис пеш аз офариниши Одам вуҷуд дошт ва дар сафҳои фариштагони илоҳӣ ба ибодат машғул буд. Вақте Худованд Одамро офарид ва ба фариштагон фармуд, ки ба Одам саҷда кунанд, Иблис аз фармони илоҳӣ сар печид ва саҷда накард, дар натиҷа мавриди итоб қарор гирифта, рондаи даргоҳи илоҳӣ ва малъун шуд.

Иблис, ки Одамро сабаби асосии хорӣ ва рондашавии худ медонист, душмани ӯ гашт ва дар пайи интиқом аз ӯву авлодаш шуд. Барои ин кор аз Худованд муҳлат хост ва Худованд ҳам ӯро то «вақти маълум» (қиёмат ё дамидан дар Сур) муҳлат дод (Қуръон, 15:37-38; 38:80-81). Худованд ҷойгоҳи ниҳоии Иблис ва пайравонашро дӯзах эълом фармуд ва ҷаҳаннамро сазои онҳо донист (Қуръон, 7:18; 11:119; 32:13; 38:85). Иблис савганд ёд кард, ки Одам ва фарзандонашро хоҳад фирефт ва аз роҳи рости Худо мунҳариф хоҳад кард. Иблис Одам ва занаш (Ҳавво)-ро аз биҳишт лағзонид; онҳо бо васвасаи ӯ аз меваи дарахти манъшуда хӯрданд, пас ҳар дуро аз неъматҳое, ки дар он буданд, маҳрум кард. Иблис ба ҷои иқрор дар баробари итоб ҳуҷҷат овард ва гуноҳи худро ба Худованд мансуб дошт (Қуръон, 7:16).

قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ  ‎ 

Дар тафсири «Кашфу-л-асрор» омадааст, ки 5 чиз сабаби рондашавӣ ва малъунии Иблис шуд:

  • гуноҳи худро эътироф накард;
  • аз карда пушаймон нашуд;
  • худро маломат накард;
  • тавбаро бар худ воҷиб надид;
  • аз раҳмати Худо ноумед шуд.

Дар назму насри форсӣ тасаввуроти марбут ба Иблис бо боварҳо дар бораи дев ва Аҳриман дар ҳам омехтааст. Хашм, оз, кибр, ҳасад, кинаварзӣ, молдӯстӣ, дунёпарастӣ, назарбозӣ, анвои шаҳватҳои ҷисмониву нафсонӣ васоили кори ӯст ва барои гумроҳ кардани одамиён, ҳатто анбиёву авлиё, аз ин васоил ба шеваҳои гуногун истифода мебарад. Иблис ҳатто гоҳе мардумро ба кори нек даъват ва тарғиб мекунад, аммо дар ҳақиқат қасди ӯ иғво ва дар ғафлат афкандан буда, мехоҳад, ки онҳоро аз иқдом ва машғулшавӣ ба кори некутар ва шоистатар боздорад.

Дар адабиёти ирфонӣ

Мавзӯи Иблис дар адабиёти ирфонӣ доманаи бисёр густарда дошта, бо баёни латифе инъикос ёфтааст. Ибни Арабӣ дар «Тафлису Иблиси-т-таъис» («Дармонда кардани Иблиси бадбахт») зимни гуфтугӯ бо Иблис роҷеъ ба масоили амру ирода, машийят (хост), феъл, ҷабр ва ихтиёр сухан дар миён меорад. Дар ҷавоб Иблис мегӯяд, ки Худованд ӯро сабаби вуҷуди лағзиш ва иллати тавҷеҳи ҳуҷҷат бар амру наҳйи Хеш қарор дод, вагарна дар ҳақиқат барои амраш иллате, барои ҳукмаш андешае ва барои дур кардани душманонаш сабабе вуҷуд надорад, зеро вай аз офаридагон бениёз аст. Ба гуфтаи Аттор, Иблис яксӯнигар ва яккасбин буд ва аз он ҷо, ки бар сирри маъно даст дошт, ба ҳеч мавҷуде, ҷуз Ҳақ, сари мӯе илтифот накард ва бар ғайри Ҳақ саҷда нанамуд. Аз нигоҳи Ҷалолуддини Балхӣ, Иблис дар худи одамӣ аст, на мавҷуди хориҷӣ. Дар «Маснавии маънавӣ» мафосиди ахлоқӣ, аз қабили ҳирсу ҳасад ва гумону шак, ҷоҳталабиву фузунҷӯӣ, гурусначашмӣ, ки дар вуҷуди инсонҳо нуҳуфта аст, Иблис номида шудаанд.

Шунидӣ, ҳамоно ки Ковуси шоҳ
Ба фармони Иблис гум кард роҳ.

Фирдавсӣ

Аз бода шавад такаббур аз сарҳо кам,
В-аз бода шавад гушода банди муҳкам.
Иблис агар зи бода хӯрдӣ як дам,
Кардӣ ду ҳазор саҷда пеши Одам.

Умари Хайём

Дар он соат, ки малъун гашт Иблис,
Забон бугшод дар тасбеҳу тақдис.
Ки лаънат хуштар ояд аз Ту сад бор,
Ки сар печидан аз Ту сӯи ағёр.

Илоҳинома

Иблис дар назм гоҳ бо тақозои вазн ба сурати Билис меояд:

Фарқ бину баргузин ту, ай хасис,
Бандагии Одам аз кибри Билис!

Маснавии маънавӣ


Эзоҳ

Адабиёт