Ибни Абилҳадид

Ибни Абилҳадид
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: шоир, муаррих, илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 30 декабр 1190[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 июн 1258[1] (67 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ, муътазила[d] ва усулӣ[d]
Самти фаъолият: илми калом ва шеър
Вироиши Викидода

Иззуддин Абуҳомид Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ ибни Абилҳадид (ар. عز الدين عبد الحميد بن هبة الله بن أبي الحديد‎; 30 декабр 1190[1], Тайсафун2 июн 1258[1], Бағдод) — мутакаллим, таърихнигор, адиб ва фақеҳ.

Зиндагинома

Хонадони ӯ аз аҳли фазл буд, падараш дар Мадоин ба ҳайси қозӣ фаъолият дошт. Таҳсилоти ибтидоӣ, илмҳои усул ва каломро дар зодгоҳи худ пурра омӯхт. Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта, аз олимон ва донишмандони он, ки аксар шофеимазҳаб буданд, ба касби илму адаб пардохт. Ба хотири наздикии ақидатии худ бо Ибни Алқамӣ (вазири адиб ва донишманди Мустаъсим Биллоҳ ‒ охирин халифаи аббосӣ) ба зумраи котибони девони Дорулхилофа ворид шуда, муддате ҳамчун котиб ва дар дигар мансабҳои давлатӣ адои вазифа кардааст. Ибни Абилҳадид дар усули эътиқодӣ муътазилӣ ва дар фурӯъи амалӣ шофеӣ будааст. Ба қавле машрабе миёни тасаннун ва ташайюъ доштааст. Ибни Абилҳадид ҳангоми ҳамлаи Ҳалоку ба Бағдод дар он шаҳр буд. Гузорише, ки ӯ аз оғози ҳуҷуми муғул ба Мовароуннаҳру Хуросон ва Ироқ дар «Шарҳу Наҷҳи-л-балоға»-и худ овардааст, аз манбаъҳои муҳим ва дасти аввали таърихӣ дар ин мавзӯъ мебошад.

Таълифот

Таълифоти Ибни Абилҳадидро то 15 асар баршумурдаанд. Маъруфтарин асари ӯ «Шарҳу Наҷҳи-л-балоға» (дар 20 ҷузъ) ‒ маҷмӯаи бузурге аз адаб, таърих ва фарҳанги исломӣ аст. Бино бар гароишҳое, ки муаллиф дар ин китоб ба ташайюъ дорад, баъзеҳо ӯро шиӣ донистаанд. Дар китоб матолибе низ ба назар мерасанд, ки бо эътиқодоти шиа созгор нестанд. Аз ин рӯ, иддае аз уламои шиа раддияҳое ба ин китоб навиштаанд.

«Интиқоду-л-Мустасфо» (нақди «ал-Мустасфо фӣ-л-усул»-и Ғаззолӣ), «Шарҳу-л-Муҳассал» (шарҳи «ал-Муҳассалу-л-каломӣ»-и Фахри Розӣ), «ал-Фалаку-д-доир ала-л-масали-с-соир» (нақд бар китоби «ал-Фалаку-с-соир фӣ адаби-л-котиб ва-ш-шоир»-и Ибни Асир), «ал-Қасоиду-с-сабъу-л-алавийёт» (ё «ас-Сабъу-л-алавийёт»; ҳафт қасида дар мадҳи паёмбар (с), Алӣ ибни Абитолиб, фатҳи Хайбар, фатҳи Макка, шаҳодати имом Ҳусайн), «Шарҳу оёти-л-байинот ли-з-Замахшарӣ» ва «Шарҳу Манзумати Ибн Сино» (китоби тиббӣ) аз ҷумлаи дигар осори ӯст.

Эзоҳ

Адабиёт