Ибни Арабӣ

Ибни Арабӣ
араб. ар. محي الدين ابن عربي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: ар. محمد بن علي بن محمد بن عربي الحاتمي الطائي الأندلسي
Касб, шуғл: файласуф, шоир, нависанда
Таърихи таваллуд: 28 июл 1165
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 16 ноябр 1240 (75 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва тасаввуф
Самти фаъолият: тасаввуф
Устодон: Муҳаммад ибни Қосими Тамимӣ[d], Шамс Уммулфуқаро[d] ва Фотимаи Қуртубӣ[d]
Шогирдон: Садруддини Қунавӣ[6]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Ибни Арабӣ (ар. ابن عربی‎), Муҳйиддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Али ибни Муҳаммад ибни Арабии Ҳотимии Тойии Андалусӣ (ар. محي الدين محمد ابن علي ابن محمد ابن عربي الحاتمي الطائي الأندلسي‎, маъруф ба Шайхи Акбар, Ибни Афлотун; 28 июл 1165, Мурсия, минтақаи Мурсия[d][1][2][3]16 ноябр 1240, Димишқ, Хилофати Аббосиён[4]) — донишвар, ориф, шоир ва файласуфи андалусӣ, бунёнгузори низоми фалсафаи ирфонӣ.

Зиндагинома

Хонаводаи соли 1172 аз Мурсия ба Ишбилия (Севиля) кӯчид. Падари Ибни Арабӣ аз наздикони волии Ишбилия ва ба қавле, дорои мансаби давлатӣ низ буд. Ибни Арабӣ дар он ҷо назди устодони маъруфи давр ба омӯхтани донишҳои замони худ пардохт ва чанд тан аз донишмандон, аз ҷумла, Ибни Асокир, Ибни Башкувол, Абдурраҳмон ибни Ҷавзӣ ба вай иҷозати тадрис ва ривояти таълифоташонро доданд. Ибни Арабӣ чанде муншии фармонравоёни Ишбилия низ будааст. Вай дар понздаҳсолагӣ бо Ибни Рушд, ки аз дӯстони наздики падараш буд, мулоқот карда, дар «Футуҳот маккия» аз таассуроти амиқи файласуф аз ин дидор ёдовар шудааст. Ибни Арабӣ, бино ба гуфтаи худаш, соли 1184 ба «тариқати ирфон» дохил шуда, зиндагиашро пеш аз дохилшавӣ ба тариқат «замони ҷоҳилият»-и худ номидааст. Ӯ дар «Рӯҳу-л-қудс» аз 54 шайхе ном мебарад, ки бо онҳо дидор кардааст.

Ибни Арабӣ соли 1194 аз Андалус ба шимоли қитъаи Африқо сафар кард. Соли 1202 нахуст ба Тунис, сипас ба Байтулмуқаддас ва аз он ҷо ба ҳаҷ рафта, то соли 1204 дар Макка боқӣ монд. Дар он ҷо девони худ «Тарҷумону-л-ашвоқ» ва чанд рисолаи ирфониашро навишт, таълифи нусхаи аввали «Футуҳот маккия»-ро оғоз кард, бо Маҷдуддин Исҳоқ — падари Садруддини Қунавӣ шинос шуд. Ҳамон сол ба Мавасил, сипас ба Бағдод ва аз он ҷо ҳамроҳи Маҷдуддин Исҳоқ ба Қуния рафт. Фармонравои Қуния Кайхусрави I (ҳукмронӣ 1205-11) ҳар дуро бисёр гиромӣ дошт. Солҳои 1206 дар Байтулмуқаддас, 1207 дар Миср, 1208 дар Макка буд. Соли 1210 аввал ба Қуния, сипас ба Бағдод рафта, дар он ҷо бо Шиҳобуддини Суҳравардӣ мулоқот кард. Солҳои 1214 дар Ҳалаб, 1216 боз дар Анатолия, дар Сивос буд ва то 1217 дар Малтия мезист. Солҳои 1220-21 дар Ҳалаб буд. Соли 1223 ба Димишқ рафт ва то поёни умр дар он ҷо зист. Дар Димишқ нусхаи дуввуми «Футуҳот маккия»-ро ба поён расонид. Дуввумин асари бунёдии Ибни Арабӣ «Фусусу-л-ҳикам» низ дар Димишқ навишта шудааст. Даврони зиндагонии Ибни Арабӣ дар Димишқ замони шукуфоии фикриву рӯҳии вай ба шумор меравад. Дар ибтидои асри 16 бо фармони султон Салими I дар оромгоҳи Ибни Арабӣ мақбараи бошукӯҳе сохта шуд, ки то ҳол побарҷост.

Фалсафа

Дар мавриди ошноии Ибни Арабӣ бо фалсафа Розентал гуфтааст: «Миёни гуфтаҳои вай ва ақоиди фалсафӣ ҳамвора пайванди наздике барқарор аст. Фалсафа, чӣ ба маънои исломӣ ва чӣ ба маънои маъруфи он, чаҳорчӯби нигариши Ибни Арабӣ ба ҷаҳонро ташкил медиҳад». Масъалаи асосии ҳастишиносии Ибни Арабӣ назарияи ваҳдати вуҷуд мебошад. Аз нигоҳи Ибни Арабӣ, ҳастӣ ва нестӣ (вуҷуд ва адам) ду амри зоид бар мавҷуд ва маъдум нестанд, балки худ мавҷуд ва маъдуманд, аммо ваҳм чунин мепиндорад, ки ҳастӣ ва нестӣ ду сифати роҷеъ ба мавҷуд ва маъдуманд. Ҳастӣ назди Ибни Арабӣ яктои бисёр ё ягонаи чандин, чандини ягона ё бисёри яктост. Дар ҳастӣ ҷуз Худо (Ҳақ) чизе нест ва саросари ҷаҳони падидорӣ ва ҳамаи падидаҳо мазҳарҳо ва ҷилвагоҳҳои як Ҳастии Мутлақ ё мутлақи ҳастиянд. Ҳақ дар ҳоле ки мабдаъ ва маншаъи ҳама чиз аст, аз ҳама чиз ҷудост. Ҳар он чӣ дар ҷаҳони ҳастӣ аст, таҳаққуқи номҳои Ӯст.

Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои андешаи Ибни Арабӣ мафҳуми «аъёни собита» ба шумор меравад. Аъёни собита ба маънои чиз ё шайъ будани ҳамаи мумкинот пеш аз пӯшидани ҷомаи ҳастӣ, ба фармони Худо, дар илми Ӯст. Аз дидгоҳи Ибни Арабӣ, ҷаҳон чизе нест, ҷуз таҷаллии Худо дар суратҳои аъёни собита, ки вуҷудашон бидуни он муҳол аст ва ин таҷаллӣ бар ҳасби ҳақоиқи ин аъён ва аҳволи онҳо гуногун мегардад ва сурат мепазирад. Таҷаллӣ назди Ибни Арабӣ иборат аст аз он чӣ бар дилҳо аз анвори ғайбӣ ошкор мешавад. Ин назарияи Ибни Арабӣ бо мафҳуми истилоҳии «акосмизм»-и Ҳегел, ки дар бораи фалсафаи Спиноза ба кор мебарад, яъне инкори воқеияти ҳақиқӣ барои ҷаҳон дар баробари Худо, хеле монанд аст.

Аз диди Ибни Арабӣ, ин ҷаҳон беҳтарин ҷаҳони мумкин ва аз ҳар ҷиҳат комилтарин буда, Худо онро дар ғояти дурустӣ ва устуворӣ офаридааст. Огоҳии Худо аз ҷаҳон ҷуз огоҳии Ӯ ба Худаш нест, зеро дар вуҷуд ғайри Ӯ набудааст. Пас, ногузир, ҷаҳон бояд ба сурати Худо бошад ва ҳангоме ки ҷаҳонро дар айни он падидор сохт, он ҷилвагоҳи Ӯ шуд. Худо дар он ҷуз зебоии Худ надид ва дӯстдори зебоӣ шуд, пас, ҷаҳон зебоии Худост. Ӯ зебо ва дӯстдори зебоӣ аст ва ҳар кас, ки ҷаҳонро бо ин назар дӯст дорад, онро бо дӯстии Худо дӯст доштааст ва ҷуз зебоии Худоро дӯст надоштааст, зеро зебоии ҳар маснӯъе ба худи он барнамегардад, балки ба сонеаш бармегардад. Пас, зебоии ҷаҳон зебоии Худост.

Се мақула: «нафаси Раҳмон», «амо» ва «хаёл» аркони муҳимми ҷаҳоншиносии ирфонии Ибни Арабиро ташкил медиҳанд. Ба қавли Ибни Арабӣ, ҳама чиз аз «амо», ки ҳамон «нафаси Раҳмон» ва пазирандаи суратҳои ҳамаи чизҳост, офарида шудааст. Хаёл ба густардатарин маъно бар ҷаҳон ва он чӣ дар он аст, итлоқ мешавад, зеро ҷаҳон на вуҷуд аст ва на адам, балки чизест, миёни он ду. Ҷаҳон, ба маънои маҳдудтар, аз ду олами бузург: олами шаҳодат ва олами ғайб ё олами аҷсом ва арвоҳ, ё олами маъно ва ҳис иборат аст. Миёни ин ду олам олами хаёл қарор дорад, ки на рӯҳонии маҳз аст ва на ҷисмонии маҳз, на ба дарки ҳавосси зоҳир меояд ва на орӣ аз кайфиёти маҳсус аст.

Ибни Арабӣ донишҳоро ба ду навъ тақсим мекунад: касбӣ ва ваҳбӣ ё диҳишӣ: «Донише ҳаст, ки мо онро аз андешаҳову ҳавоссамон касб мекунем ва дониши дигаре ҳаст, ки дода ё бахшише аз сӯи Худованд аст». Ҷои дигар Ибни Арабӣ пас аз тақсими илмҳо ба 4 табақа: улуми илоҳӣ, табиӣ, риёзӣ ва мантиқӣ, таъкид мекунад, ки ҷуз инҳо илме ёфт намешавад ва роҳи таҳқиқи онҳо ё андеша аст, ё «ваҳб», ки ҳамон «файзи илоҳӣ» аст.

Меҳвари аслии инсоншиносии Ибни Арабӣ назарияи ӯ дар бораи «инсони комил» аст. Ибни Арабӣ ҳангоми баёни силсилаи маротиби офариниш вопасин марҳалаи камоли ҳар синфе аз мавҷудотро оғози мавҷуди комилтаре мешуморад. Вопасин маротиби мавҷудот инсони ҳайвон аст, ки халифаи инсони комил мебошад. Инсони ҳайвон сурати ошкорест, ки ҳақоиқи ҷаҳонро дар худ гирд овардааст, аммо инсони комил касест, ки ҳақоиқи Ҳақро низ бар ҳақоиқи олам дар худ афзудааст ва ба ин васила хилофати Ҳақ дар ҷаҳон барои ӯ рост омадааст. Навъҳои камолоти инсонӣ бениҳоят гуногун аст, аммо волотарин мақоми камол («мақоми ломақом») замоне барои инсон ҳосил мешавад, ки таҷаллиёти сифоти Худо дар вай мутаносиб ва мутаодил ва шахс мазҳари сурати комили «ҳазрати илоҳӣ» бошад. Касоне, ки ба ин мақом расидаанд, дар ҳоле ки бо ҳамаи сифатҳои Худо шариканд, бо ягон сифати Ӯ маҳдуд ё мушаххас намешаванд. Онҳо зулъайнайн (дучашма)-анд: бо як чашм шарифтарин махлуқ будани худро мебинанд, бо чашми дигар айнияти худро бо Худо, худро ҳам наздик ба Худо, ҳам дур аз Ӯ, ҳам воқеӣ, ҳам ғайривоқеӣ, ҳам мавҷуд ва ҳам маъдум мебинанд.

Тибқи назарияи ишқи Ибни Арабӣ ишқ се гуна аст: ишқи табиӣ, ишқи рӯҳонӣ ва ишқи илоҳӣ. Ишқи табиӣ ишқи авом ва ҳадафи он ягона шудан дар рӯҳи ҳайвонӣ аст, чунонки рӯҳи ҳар як аз ошиқ ва маъшуқ аз роҳи лаззат бурдан ва ангезиши шаҳват рӯҳи ёри ӯ мешавад ва саранҷоми амалии он никоҳ аст. Ҳадафи ишқи рӯҳонӣ монанд шудан ба маҳбуб бо қиём ба ҳаққи маҳбуб ва шинохтани арзиши ӯст. Ишқи илоҳӣ он аст, ки Худо моро барои мо ва барои Худаш дӯст дорад.

Таълифот

Ибни Арабӣ яке аз пурмаҳсултарин муаллифони ҷаҳони ислом ба шумор меравад. Ӯ дар иҷозате, ки ба малик Музаффари Айюбӣ (1180—1227) дода буд, аз 290 асари худ ном бурдааст. Дар китоби Усмон Яҳё «Таърих ва табақабандии осори Ибни Арабӣ» (дар ду ҷилд) номи беш аз 800 асари Ибни Арабӣ омада, баъзе аз онҳо мансуб ба вай ва бархе дигар як навишта аст, ки бо ду-се ном ё бештар такрор шудааст.

«ат-Таҷаллиёту-л-илоҳийя», «ат-Тадбироту-л-илоҳийя фӣ ислоҳи-л-мамлакати-л-инсонийя», «Иншоу-д-давоир», «Тарҷумону-л-ашвоқ», «Девону-ш-Шайхи-л-Акбар» ё «ад-Девону-л-кабир», «Рисолатун фӣ маърифати-н-нафси ва-р-рӯҳ», «ар-Рисолату-л-вуҷудийя», «Рӯҳу-л-қудс фӣ муҳосабати-н-нафс», «Шаҷарату-л-кавн», «Шарҳу куллийёти-с-суфийя» ва «ар-Радду ало Ибни Таймийя» аз ҷумлаи дигар асарҳои чопшудаи Ибни Арабӣ мебошанд.

Аз осори Ибни Арабӣ, аз ҷумла, шоирону орифони форс-тоҷик Қутбуддини Шерозӣ, Фахруддини Ироқӣ, Саъдуддини Фарғонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ баҳра гирифтаанд. Андешаҳои Ибни Арабиро Шозилӣ ва шозилия, Ибни Сабъин ва Шаъронӣ дар кишварҳои ғарби исломӣ, Довуди Қайсарӣ ва Қутбуддини Изникӣ дар Осиёи Сағир, Кошонӣ, Абдулкарими Ҷелӣ, Абдулғании Нобулусӣ ва мавлавия дар Эрон, Сурия ва Яман интишор додаанд. Таълимоти Ибни Арабӣ дар заминаи фалсафаи Ҳайдари Омулӣ, Мирдомод ва Мулло Садро қарор гирифтааст. Гоҳе бар як асари Ибни Арабӣ чандин шарҳ ва аз дидгоҳҳои гуногун навишта шудааст, чунончи, бахшҳои душворфаҳми «Футуҳот маккия»-ро Абдулкарими Ҷелӣ шарҳ дода, бар «Фусусу-л-ҳикам» Хоҷа Муҳаммади Порсо ба форсӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ ба арабӣ шарҳ навиштаанд. Баъзе осори Ибни Арабӣ ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шудааст. Муҳаққиқон таъсири Ибни Арабиро ба файласуфони аврупоӣ, аз ҷумла, Данте, Спиноза, Д. Скотт, Р. Бэкон ва Р. Луллий истисно намекунанд.

Нақд

Мухолифони Ибни Арабӣ 138 фатво бар зидди ӯ ва мудофеонаш танҳо 33 фатво дар дифоъ аз ӯ додаанд. Андешаҳои Ибни Арабиро донишмандоне чун Субкӣ, Ибни Таймия, Тафтазонӣ ва Ибни Халдун мавриди интиқоди шадид қарор додаанд. Аз сӯи дигар, баъзе шахсиятҳои маъруфи исломӣ, аз қабили Суютӣ, Сафадӣ ва Фирӯзободӣ ба дифоъ аз ӯ бархостаанд. Баъзе файласуфони исломӣ, аз ҷумла Абдурраҳмони Бадавӣ, таълимоти Ибни Арабиро барои эҷоди низомҳои фалсафии «алтернативӣ» ва «мустақили худӣ», исботи афзалияти андешаи исломӣ дар мавриди баъзе масъалаҳои фалсафӣ муносиб ва мувофиқ арзёбӣ кардаанд.

Эзоҳ

Адабиёт