Конибодом

Шаҳр
Конибодом
Координаты: пропущена широта
Категория:Страницы с некорректными тегами координат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят вилояти Суғд
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри IX
Аввалин номбарӣ 1463
Номҳои пешина Канди Бодом
Масоҳат
  • 67 км²
Баландии марказ 410 ± 1 м
Навъи иқлим +43 ́C –13 ́C
Минтақаи замонӣ Шаблон:МА/Қолаби вақт
Аҳолӣ
Аҳолӣ 54 400[1] тан (2022)
Миллият тоҷикҳо, ӯзбекҳо
Эътиқодот мусулмонон
Номи қавмӣ конибодомӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3467
Нишонаи почта 735900

konibodom.tj
Конибодом дар харитаи
Конибодом
Конибодом
Конибодом дар харитаи
Конибодом
Конибодом
 Парвандаҳо дар Викианбор
Муҷассамаи Исмоили Сомони дар ш. Конибодом

Конибодомшаҳр дар ҳайати вилояти Суғд. Номгузории шаҳр аз бодом — (форсӣ: بادام‎) яъне кони бодом ба вуҷуд омадааст (дар гузашта "Канди бодом" низ мегуфтаанд). Аз самти шимоли Конибодом обанбори Қайроққум ҷойгир аст, аз самти ҷануб шаҳри Исфара, аз шарқ Ҷумҳурии Ӯзбекистон вилояти Фарғона ва аз ғарб дар мобайн шаҳри Ғафуров ҷойгир аст.

Конибодом аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ баъд аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар вилояти Суғд дар ҷойи сеюм меистад. Аҳолии Конибодом 50400 нафар (соли 2016)[2] мебошад. Аз маркази ноҳия Канали калони Фарғона гузаштааст, ки аҳолии ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии онро бо об таъмин мекунад. Асоси қувваи кории аҳолиро зиёиён ва деҳқонҳо ташкил медиҳанд. Дар ноҳия якчанд хоҷагиҳои калон ба монанди Энаҷон Бойматова, "ҶС Ирам", "ҶС Асор", ва ғайра фаъолият мекунанд.

Аҳолӣ

сол 2012 2013 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
47,3 48 48,9 49,8 52,2 52,5

Таърих

Конибодом дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои боэътимоди илмӣ ба ҳайси яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Яке аз шохаҳои роҳи бузурги Абрешим 3700 сол муқаддам аз ин шаҳр мегузашт ва тавассути Хуҷанду Истаравшан, Самарқанду Бухоро то ба Марв мерасид. Дар пажӯҳишгоҳи охир, ки ба омӯзиши «Достони дувоздаҳ рух»-и «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ асос ёфтааст, тахмин рафтааст, ки Конибодом се ҳазор сол пеш аз ин «Канобад» ном дошта ва ҷанге миёни эрониёну тӯрониён дар мавзеи байни Канобад ва Райбад (Работи кунунӣ) сурат гирифтааст.

Конибодом дар гузашта яке аз шаҳрҳои маъмуру ободи Осиёи Миёна буд ва бо номи «Канд» шуҳрат дошт. Нахустин ҳуҷҷате, ки дар он номи «Канд» сабт шудааст, мактуби ба ҳокими Суғд Диваштак навиштаи сафири ӯ Фатуфарн аст, ки он тахминан солҳои 712 – 713 ҳангоми ба Мовароуннаҳр лашкар кашидани Қутайба ибни Муслим - сарлашкари араб навишта шудааст. Аз ин ҳуҷҷат метавон ба хулоса омад, ки Конибодом ҳанӯз пеш аз истилои араб вуҷуд дошт. Сайёҳ ва ҷуғрофидони маъруфи асри IX ал – Истахрӣ дар асари худ «ал – Молик ва –л-масолик» номи Кандро зикр карда, ба ҳайати вилояти Хуҷанд дохил будани онро таъкид кардааст. Каме дертар, дар охири асри X муаррих ва ҷуғрофидони машҳури араб Мақаддасӣ (946-990), ки Хуросону Мовароуннаҳрро сайёҳат карда будааст, дар асари худ «Аҳсан ут-тақосим фи маърифат ал ақолим» доир ба Канд маълумот дода, аз миёни шаҳр гузаштани ҷӯйбореро қайд кардааст.

Маълумоти мухтасар доир ба Канд дар «Ашкол-ул-олам» ном китоби ҷуғрофиёии вазири маъруфи аҳди Сомониён-Ҷайҳонӣ низ омадааст. Муаллиф зимни тавсифи Хуҷанд овардааст, ки

«Дар амали он (яъне, Хуҷанд) ҳеч шаҳри дигар нест, магар Канд»

. Аз ин ишораи Ҷайхонӣ маълум мешавад, ки дар асри X Канд ба вилояти Хуҷанд дохил мешуд ва чун шаҳр ташаккул ёфта будааст[3]. Конибодом аз қадиммулайём бо бодоми худ машҳури ҷаҳон буд. Бо шуҳрати бодоми ин шаҳр дар ашъори Ҳаким Сӯзании Самарқандӣ (ваф.1179) ва шоири Конибодомии асри XII Шайх Бобо Табиби Фарғонӣ сареҳан ишора рафтааст. Дар ин бора адиб ва муаррихи араб Ёқути Ҳамавӣ (ваф.1229) низ дар китоби худ «Мӯъҷам – ул – булдон» аз ҷамла навиштааст:

«Канд бо сабаби фаровонии бодом бо номи «Конибодом» маъруф аст. Бодоми ин ҷо бисъёр хуштаъм ва тунукпӯст буда, пӯсташ ба соиши даст майда мешавад»

. Айни ҳамин гуна маълумот доир ба Конибодом дар «Бобурнома»-и адиб ва ходими давлатии асри XVI Зуҳуриддин Муҳаммад Бобур низ қайд шудааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки Канди бостонӣ аз асрҳои XII-XIII Сар карда ба худ «Конибодом» ном гирифтааст. Номи ҳозираи шаҳр – Конибодом зоҳиран дар асрҳои XVII-XVIII мустаъмал гардидааст.

Олими рус В. Наливкин дар китоби «Краткая истории Кокандского ханства» дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ будани деҳаи Хоҷаягонаро тадқиқ намуда, бо хулоса омадааст, ки ҷойи аввалаи шаҳри Конибодом ҳамин мавзеъ будааст. Аз рӯи навиштаҷоти ӯ деҳаи Хоҷаягона шаш ҳазор сол муқаддам вуҷуд дошт ва баъдан туъмаи оташ гардид. Бостоншиноси рус А.И Костание мавзеи Хаҷаягонаро таҳқиқ намуда, дар заминаи осори пайдокардааш дар замонҳои қадим вуҷуд доштани манзилгоҳеро дар ин ҷо тасдиқ кардааст. Чандин сол муқаддам дар ҷануби деҳаи Работ ду сари гӯсфанд ва ханҷаре ёфт шуданд, ки аз биринҷ рехта шуда, ба асрҳои III-IV пеш аз милод тааллуқ доранд. Алҳол ин бозёфтҳои нодири санъати ҳайкалтарошии ниёгон дар осорхонаи Эрмитажи Санкт–Петербург маҳфузанд. Ба наздикӣ дар вақти кофтани хандақ тахминан аз 5-метр чуқурӣ аз хонаи омӯзгори мактаби деҳаи Сарикӯйи ҷамоати Пӯлодон кӯзае ёфт шуд, ки ба тахмини пешакии бостоншиносон ду-се ҳазорсола умр дорад.

Зулми амирони Бухоро

Гузаштаи Конибодом пур аз воқеаҳои хунини сиёсӣ буд. Шаҳр борҳо мавриди ҳуҷуми истилогарони аҷнабӣ қарор гирифта ва дар натиҷаи ин рӯ ба харобӣ оварда буд. Аз ҷониби дигар, дарвозаи водии Фарғона будани Конибодом низ сабаб шудааст, ки шаҳр пайваста ба майдону ҷангу талоши хонҳову амирони маҳаллӣ табдил ёбад, биноҳои ободаш туъмаи оташ ва мардуми наҷибаш оғӯштаи хун гардиданд. Чунин воқеъаҳои хунин дар ёди конибодомиён, қиссаву ривоятҳои онҳо ва дар номи бисъёр мавзеъҳои таърихии шаҳр осори худро гузоштаанд.

Яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи Конибодом лашкар кашидани амири Бухоро Насрулло ба муқобили хони Қӯқанд Мадалихон дар соли 1842 мебошад. ин ҷанги шадид байни онҳо дар Конибодом сурат гирифта, боиси кушта шудани одамони бисъёр гардид. Бедодгарии қӯшуни амир Насрулло дар Конибодом дар «Мунтахаб ут таворих»-и Ҳоҷа Ҳакимхон (соли 1843) чунин инъикос ёфтааст:

«… Амир Насрулло Конибодомро забт карда, панҷ ҳазор касро бандӣ кард. Сарбозони Насрулло паричеҳраҳои гулпираҳанро улҷа карда, бар кафили аспон Сару по бараҳна мебурданд ва зану мард дар кӯча синашикоф, ба хоку хун оғушта хобида буданд. … Аз ин зулми сарбозон замину замон дар ларза ва дарёҳо дар ҷӯ шва моҳиён дар хурӯ шва кӯҳҳо дар садов а мурғони ҳаво дар нола омаданд, қиёмати суғро барпо гашт…»

Амири Бухоро – Музаффар бо сад ҳазор аскаронаш ба деҳаи маҳрами Конибодом омада манзил гирифт. Мардум пиндоштанд, ки амир ҳамроҳи қӯқандиён ба ҳимояи Тошканд меравад. Аммо амир аз бесилоҳу аскар мондани хони Қӯқанд истифода бурда, ба он ҳуҷум кард, одамони бисъёрро ба қатл расонид, қисмеро асир кард.

Устод Садриддин Айнӣ дар очерки «Ду ҳашар», ки 1940 ба муносибати сохтмони Канали калони Фарғона навиштааст, рӯзҳои хунини Маҳрамро чунин ёд кардааст:

«Вақте ки аскарони императорӣ Тошкандро гирифтанд ва мардуми яроқноки Фарғона ба вилояти худ баргаштанд, амир Музаффар дар Маҳрам аз сари асирон як калламанора сохта, худ ба Бухоро баргашт…»

Забти Конибодом аз ҷониби Русия

Дар нимаи дуюми асри XIX Русияи подшоҳӣ нақшаи ғасб кардани Осиёи Миёнаро кашида мехост, ки ба боигариҳои фаровони ин сарзамин соҳиб шавад, таъсири сиёсии худро дар он пурзӯр гардонад ва ба нуфузи мустамликадорони давлатҳои ғарб ба ин кишвар роҳ надиҳад. Бо ин мақсад қӯшунҳои подшоҳӣ бо Осиёи Миёна ҳаракат намуда, соли 1864 ба Тошканд ҳуҷум карданд. Сарбозони хонии Қӯқанд ба ёрии тошкандиён рафтанд. Ба ин нигоҳ накарда, қӯшунҳои Русия Тошкандро забт намуданд. Соли 1866 қушунҳои подшоҳӣ Тошкандро пурра забт карданд. Забти Тошканд тақдири ояндаи хонии Қӯқандро ҳал кард. Соли 1867 генерал-губернатории Туркистон (марказаш шаҳри Тошканд) таъсис ёфт. Байни генерал-губернаторӣ ва хони Қӯқанд Худоёр сулҳнома имзо шуд. дере нагузашта Худоёр аз тахт ронда шуд. Писари ӯ Насриддинбек, ки ҳокими Андиҷон буд, хони Қӯқанд гардид. Насриддинбек русҳоро «кофир» эълон карда, мардумро ба ғазоват даъват кард. Сарварии шӯриш ва ғазавотро Абдураҳмони офтобачӣ ба зима гирифт. Хони Қӯқанд дар деҳаи Маҳрам бар зидди лашкари русҳо зиёда аз 30 ҳазор сипоҳӣ гирд оварда, ҳуҷуми русҳоро ба Қӯқанд боздоштанӣ буд. Вале русҳо, ки бо сарварии генерал Кауфман қӯшунҳои бештар ва силоҳи хубтар доштанд, баъди чанд рӯзи задухӯрдҳои хунин қаъларо фатҳ карда, исъёнгарон ва сипоҳиёни Насриддинбекро сӯи дарё ронданд. Дар ин ҷанг аз ҳар ду тараф одамони бисъёр кушта шуданд. Рассоми машҳури рус В.В. Верешагин, ки худ бевосита иштирокчии фатҳи ин қалъа буд, «Муҳориба дар Маҳрам» ном сурате кашида, манзараи даҳшатовари ҷанги онвақтаро тасвир кардааст. Баъди фатҳи чанде аз шаҳрҳои Фарғона аз ҷониби русҳо хони Қӯқанд ба шартомаи таслим имзо гузошт. Мувофиқи шартнома қалъаи Маҳрам чун қалъаи сарҳадӣ барҳам дода шуд. Баъди забти Тошканд ва вилояти Фарғона Осиёи Миёна таҳти тасарруфи Русия қарор гирифт. Дар ҳайати давлати Русия вилояти Туркистон таъсис дода шуд. Соли 1876 ба ҷои хонии Қӯқанд вилояти Фарғона ташкил дода шуд.[4]

Дар ҳайати Генерал-губернатории Туркистон

Пайвастани Осиёи Миёна ба империяи Русия дар ҳайати иҷтимоиву иқтисодии Конибодом нақши худро гузошт. Бо сохтани роҳи оҳани байни Самарқанду Фарғона ва ба истифода додани он дар соли 1899 алоқаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ рӯ ба афзоиш оварданд. Аз Конибодом бо воситаи ин роҳ пахта, ангишт, меваи хушк, пӯст ба шаҳрҳои Русия фиристода шуда, аз он ҷо молҳои саноатӣ ва ғалла ворид мегардиданд. Бо супориши Ҳукумати империяи Русия ба Осиёи Миёна ва аз ҷумла ба Конибодом ба хотири кашф кардани сарватҳои табии ин кишвар гурӯҳи хокшиносону маъданшиносон омаданд. Дар Конибодом боигариҳои зеризаминӣ, аз ҷумла нафт ва ангиштсанг кашф карда шуданд. дар назди истгоҳи роҳи оҳан, кони ангишти Шӯроб ва коргоҳи нафти САНТО шаҳракҳои муҳоҷирони рус бунёд гардиданд. Соли 1916 дар назди шаҳраки САНТО заводи коркарди нафт сохта ба истифода дода шуд.. дар Конибодом заводи пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ ба кор даромаданд. Сохтмони роҳи оҳан, ба кор оғоз намудани нахустин корхонаҳои саноатӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли нафту ангишт ва ҳамкорӣ бо мутахассисони рус боиси ташаккули синфи коргар дар Конибодом гардид, ки ин амр ба вусъати ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ин шаҳр дар солҳои минбаъда бетаъсир набуд. Баробари афзоиши коргоҳҳо ва маҳсулоти саноатӣ аҳолии Конибодом низ рӯз аз рӯз зиёд мешуд. Соли 1917 дар Конибодом 30ҳазор ва дар шаҳраки «САНТО» 1010 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шуда буд.[4]

Конибодом аз қадимулайём чун шаҳри ҳунармандону санаткорон, аҳли илму фазл дар Мовароуннаҳр шуҳрат дошт. Бино ба шаҳодати сарчашмаҳо, беҳтарин хаттотони хонии Қӯқанд аз Конибодом будаанд ва дар ривоҷи санъати хаттотиву саҳҳофии Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузоштааст. Дар маохизи асрҳои миёна ному намунаҳои осори адибони Конибодомие, ки мисли Мавлоно Кушкакӣ, Шарафуддини Панҷдеҳӣ, Шайх Бобо Табиби Фарғонӣ, Мавлоно Тайиби Конибодом, Мулло Шокири Конибодоми, Эшони Ғарибии Конибодомӣ, Ғурбат Махсум ва дигарон ба қайд омадаанд, ки аз вуҷуди ҳаёти адабӣ дар Конибодоми асрҳои миёна дарак медиҳанд.[4]

Ташаккули ноҳияи Конибодом

Пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр Конибодом дар тобеияти уезди Қӯқанди вилояти Фарғона буд. Аз рӯи тақсимоти миллӣ – ҳудудии соли 1924 Конибодом боз дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон боқӣ монд, ки ин боиси норозигии аҳолӣ гардид. Аввали моҳи феврали соли 1925 конфронси V-уми ҳизбии вилоятӣ дар Фарғона баргузор гардид. Дар кори конфронс вакилон аз Конибодом низ иштирок доштанд. Дар конфронс раиси КИМ –и ИҶШС М.И.Калинин ва роҳбарони Ҳкумати ҶШС Ӯзбекистон ҳузур доштанд. Вақти бозгашт аз Фарғона 8 феврали соли 1925 роҳбарони олимақомро дар истгоҳи роҳи оҳани Мелниково (ҳоло Конибодом) садҳо нафар намояндагони аҳолии Конибодом дар даст шиору байрақҳо пешвоз гирифта, масъалаи ташкили ноҳияи худмухтори Конибодомро ба миён гузоштанд. Роҳбарон ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик талаби онҳо дар бораи ташкили ноҳияи мустақили Конибодом ҳалли худро меёбад. Пешвозгирӣ хуб ба анҷом расид, вале роҳбарони ноҳия барои ташкили «намоиш» ба ҷазоҳо сазовор гардиданд. Моҳи июни соли 1925 ба Конибодом аз Самарқанд комиссияи ҳизбӣ омад. Котиби аввали кумитаи ҳизбии Конибодом Аъзам Нодиров ва раиси комиҷроия Маҳмудҷон – ревком Ашӯрмуҳаммадов аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд. вале талаби халқ дар бораи ташкили ноҳияи Конибодом ба иҷро расонида шуд. Инчунин бо қарори кумиҷроияи вилояти Фарғона аз 14 майи соли 1925 ноҳияи Конибодом чун ноҳияи мустақил аз уезди Қӯқанд ҷудо гашта, бевосита ба вилояти Фарғона итоат мекард. Фармони КИМ-и Ҷумҳурии ӯзбекистон ва қарори кумиҷроияи вилояти Фарғона дар тараққиёти иқтисодию фарҳангӣ ва маорифи халқи Конибодом нақши рӯшан гузошт. То тақсимоти миллӣ- ҳудудии Осиёи Миёна вулусиҳои Маҳраму Исфара аз Конибодом ҷудо буданд. Баъди фармони мазкури КИМ-и ӯзбекистон онҳо ба ноҳияи Конибодом ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамин тавр аз ҳисоби 3 вулусии мазкур соли 1925 ноҳияи мустақили тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати вилояти Фарғона ташкил гардид.[4]

Таъсиси шаҳри Конибодом

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Конибодом дар тӯли асрҳои миёна ба вилояти Хуҷанд дохил буд. Вулуси Конибодом аз соли 1866 дар ҳайати хонигарии Қӯқанд буд. Баъди барҳам хӯрдани ин хонигарӣ ( с. 1876) он ба ҳайати уезди Исфара ҳамроҳ карда шуд. бо фармони генерал – губернатори Туркистон аз 12 марти соли 1881 №83 уезди Исфара барҳам хӯрда, вулуси Конибодом боз ба ҳайати уезди Қӯқанд дохил гардид.

Баъди ҳамроҳшавии Оиёи Миёна ба Русия ҳудуди Осиёи миёна (ба ғайр аз хонигарии Бухорову Қӯқанд) ба уездҳо тақсим мешуданд. Дар навбати худ уезд ба вулусиҳо, вулусӣ ба обшинаи деҳагӣ (ҷамоат0 тақсим шуда буданд. Ба ҳайати генерал – губернатории Туркистон 5 вилоят, 27 уезд ва 603 вулусиҳо дохил буданд. Ҳудуди уезди Қӯқанд ба якчанд намояндагӣ (пристав) тақсим мешуд. Ин низоми маъмурӣ дар Туркистон соли 1889 ҷорӣ гардида, то барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ амал кард. Дар Конибодом намояндагии қитъавӣ (участковқӣ пристав) ба кори вулусиҳо ва ҷамоатҳо назорат мекард.

Охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX қисми марказии шаҳри Конибодом ба ҷамоатҳои Пӯлодон, Сарикӯй, Кӯйиғозиён ва Фирӯзоба тақсим шуда буд. Ҳар як қисми шаҳрро сардор – амин идора мекард. Дар шаҳр 60 маҳаллаи аҳолинишин мавҷуд буд, ки сардори онҳоро эликбошӣ (роҳбари 50-хоҷагӣ) меномиданд. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои мавҷуда соли 1898 участкаи (қитъаи) Конибодоми уезди Хуҷанд аз 6 вулусӣ: Навкат қипчоқ, Лайлак, Сӯх, Исфара, Маҳрам ва Конибодом иборат буд. Тобеияти ин вулусиҳо ба қитъаи Конибодом то тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924 бетаъғйир боқӣ монда буд. Ба ҳайати ин вулусиҳо 21 ҷамоати деҳагӣ, 9 ҷамъияти авулӣ дохил буданд. 6 феврали соли 1921 ноҳияи Конибодом дар ҳайати 6 вулусии мазкур ташкил ёфт. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ вулусиҳои Лайлак Сӯх, Навкат қипчоқ аз ноҳияи Конибодом ҷудо гардиданд. Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (СИК) –и ҶШС Ӯзбекистон аз 15 апрели соли 1925 аз ҳисоби се вулусии Маҳрам, Конибодом ва Исфара ноҳияи мустақили тоҷикнишини Конибодом дар ҳайати ӯзбекистон ташкил карда шуд. баъди ду соли ташкили ноҳияи Конибодом ноҳияи Исфара аз Конибодом ҷудо гардида, ба ноҳияи мустақил табдил дода шуд. 14 феврали соли 1927 баъди гуфтушуниди бардавоми вакилони ноҳияи Конибодом бо роҳбарони вилояти Фарғона ноҳияи Конибодом аз тобеияти вилояти Фарғона ҷудо ва ба ҳайати округи Хуҷанд дохил карда шуд. КМ ВКП (б) ва Ҳукумати ИҶШС дархости меҳнаткашони округи Хуҷандро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 1929 қарор карданд, ки округи Хуҷандро ба назар гирифта, моҳи сентябри соли 1929 қарор карданд, ки округи Хуҷанд аз ҳайати маъмурӣ-ҳудудии ҶШС Ӯзбекистон ҷудо ва бо ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил карда шавад. Моҳи октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба қатори ҷумҳуриҳои мустақили СССР ворид гардид. Бо фармони Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон аз 6 феврали соли 1941 шаҳраки КИМ аз ҳайати Конибодом ҷудо ва ба ҳайати ноҳияи Исфара ҳамроҳ карда шуд.

Бо қарори КИМ–и ҶШС Тоҷикистон аз 14 октябри соли 1930 маркази ноҳияи Конибодом ба қатори шаҳрҳои мустақили маъмурӣ-ҳудудӣ дохил гардид. Бо ин қарор кумиҷроияи ноҳиявӣ ба ҳайати кумиҷроияи шаҳри Конибодом дохил карда шуд. Қисми маркази шаҳр ба 18 квартал тақсим гардид. Ба ҳайати шаҳр инчунин 15 ҷамоатҳо дохил шуданд.

Бо қарори КИМ–и ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1935 шаҳри Конибодом аз нав ба ноҳияи Конибодом табдил дода шуд. ба сабаби афзоиши корхонаҳои саноатӣ, вусъат пайдо кардани маркази маданӣ бо қарори КИМ-и ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937 маркази ноҳияи Конибодом ба шаҳр табдил ёфта, ба кумиҷроияи ноҳиявӣ итоат мекард. 4 январи соли 1963 ноҳия ба ду қисм: шаҳр ва ноҳия тақсим шуд, вале аз 6 январи соли 1965 ноҳияи Конибодом муттаҳид карда шуд.[4]

Маориф ва фарҳанг

Дар шаҳр 56 адад муассисаҳои таълимӣ мавҷуд буда, аз ин миыдор 53 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва як адад мактаб – парастишгоҳи шифоӣ, ҳамчунин дар шаҳр 1 литсей, 1 гимназия, 2 муассисаи таълимии хусусӣ (ғайридавлатӣ) мавҷуд аст. Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти томактабии тобеи Раёсати маориф 14 адад буда, 3 адад муассисаҳои томактабии тобеи ташкилот ва муассисаҳо, 4 адад муассисаҳои томактабии хусусӣ ба таълим ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ машғул мебошанд.

Дар шаҳр 51 муассисаи фарҳангӣ, аз он ҷумла 29 китобхона, 15 клуб, Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова, мактаби санъати бачагона, осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ ва боғи фарҳангу истироҳат, инчунин, як қатор ансамблҳо – «Мақомсароён», «Тарона ва рақс», «Хоҳаракон» ва дар назди театр маҳфили «Актёрони ҷавон» амал менамоянд.[5]

Тандурустӣ

Дар шаҳри Конибодом 6-беморхона, (БМН-1, як беморхонаи бачагона, 4 беморхонаи минтақавӣ), 2 — Маркази Саломатии Шаҳрӣ, 16 — Маркази Саломатии Деҳот, 18 — Хонаҳои саломатӣ, Маркази эмтаъминкунӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази Ташаккули Тарзи Ҳаёти Зисти Солим, Маркази равоншиносӣ, Маркази пӯсту таносул, Маркази мубориза бар зидди бемории сил, қароргоҳи ёрии тези тиббӣ ва Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ фаъолият мекунанд, ки барои аҳолии шаҳр хидмати тиббӣ мерасонанд.[6]

Шахсиятҳои барӯманд

Конибодом диёрест, ки бо фарзандони барӯманди худ, ходимони ҳизбиву давлатӣ, олимону аҳли адаб, мутахассисони варзидаву роҳбарони масъулиятшиносаш, ки дар соҳаҳои мухталифи диёри азизамон фаъолият дошта, дар ободии ин диёри зебоманзар нақши босазо гузоштаанд, ифтихор дорад, аз амсоли Абдулаҳад Каҳҳоров, Ҳоҷи Содиқ, Абдуҷаббор Каҳҳорӣ, Иброҳим Обидов, Комил Ёрматов, Али Бобоҷон, Усмонҷон Обидов, Шамсиддин Зоҳидӣ, Каҳрамон Аҳмадов, Қаҳҳор Ҳасанов, Бибихон Азизова, Юлдошбой Юнусов, Набиҷон Иномов, Фозил Тоҳиров ва дигарон.

Аксҳои Конибодом

Эзоҳ

Пайвандҳои беруна

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: