Муҷтаҳид
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Сарчашмаҳои шариъат
|
Шахсиятҳо
|
Фирқаҳо
|
Таърих ва ҷуғрофия
|
Идҳо ва маворид
|
Ислом дар ҷаҳон
|
Муҷтаҳид (ар. مجتهد) — олиме, ки дар илми фиқҳ ба дарҷаи иҷтиҳод расида ва масоили шаръиро аз Қуръон истинбот кунад.
Таърих
Дар асрҳои миёна илоҳиётшинос ё фақеҳеро мегуфтанд, ки оид ба масъалаҳои дину фиқҳ (иҷтиҳод) ҳукм мебароварданд ва нисбат ба дигарон афзалият ва ҳаққу ҳуқуқи махсус дошт. Масалан, асосгузорони чор мазҳаби суннӣ муҷтаҳид буданд. Дар садаи X вазифаи муҷтаҳидро қисман муфтиҳо иҷро мекарданд.
Дар равияи шиъа муҷтаҳид рӯҳонии олимақомест, ки обрӯ ва нуфузи хос дорад.
Эзоҳ
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.