Ноҳияи Левакант
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Шомили | 1 шаҳр, 2 ҷамоати деҳот |
Маркази маъмурӣ | Левакант |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 49 700[2] нафар (2022) |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди мошинҳо | 03TJ |
Ноҳияи Левакант (то соли 2018 ноҳияи Сарбанд, қаблан ноҳияи Калининобод) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳри Леваканд аст.
Ҷойгоҳ
Ҳудуди ноҳия то соли 1996 ба ҳайати ноҳияи Коммунисти (ҳоло ноҳияи Кӯшониён) вилояти Қурғонтеппа дохил буд. Аз 2 феврали соли 1996 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ноҳияи Сарбанд дар ҳайати вилояти Хатлон ҳамчун воҳиди мустаъқили маъмурӣ арзи ҳастӣ дорад.
Таърих
2 феврали соли 1996 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ноҳияи Сарбанд дар ҳайати вилояти Хатлон ташкил карда шудааст. Сарбанд ба номи саргаҳи об ниҳода шудааст, чунки ноҳия дар саргаҳи об ҷойгир шудааст. Маркази ин ноҳия собиқ шаҳри Калининобод низ тағйири ном намуда шаҳри Сарбанд номида шудааст.
Мардум
Мардуми ноҳияи Левакант ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд. Бино бар саршумори соли 2022 аҳолии ноҳия 49700 тан бошанда доштааст.
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
48,7 | 49,7 |
Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Сарбанд 1 шаҳр ва 2 ҷамоат[3] дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Левакант[4] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Левакант, шаҳр | 17 700 | ||||||||||
Гулистон | 13 757 | ||||||||||
Ваҳдат | 4 635 |
Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Сарбанд Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Иқтисодиёт
Омӯзишу парвариш
Ниҳодҳои фарҳангӣ
Беҳдошту беҳзистӣ
Эзоҳ
- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 27 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2012.