Сарв |
---|
Баргҳо ва ғурраи сарви ҳамешасабз |
рутбаҳои мобайнӣ Синф: | Сӯзанбаргҳо (Pinopsida Burnett, 1835) |
|
Cupressus L. (1753) |
- Callitropsis Oerst., nom. rej. — Каллитропсис
- Hesperocyparis Bartel & R.A.Price
- Neocupressus de Laub., nom. illeg.
- Platycyparis A.V.Bobrov & Melikian
- Tassilicyparis A.V.Bobrov & Melikian
- Xanthocyparis Farjon & T.H.Nguyên, nom. cons.
|
Cupressus sempervirens L. — Сарви ҳамешасабз |
|
Сарв (лот. Cupréssus) — ҷинси бутта ё дарахти ҳамешасабз аз оилаи сарвиҳо.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
То 20—25 м қад мекашад; ғафсии танааш 30—70 см, то 2 ҳазор сол умр мебинад. Баргҳои навниҳоли сарв сӯзаншакл, пӯстлохи танааш хокистарранг, баргаш ба мисли барги арча сабзи пулакчашакл (1 — 2 мм) мебошанд. Чалғӯзааш мудаввар (диаметраш 2 — 3 см), соли сеюм пухта, соли чорум кушода мешавад; тухмаш майдаи қанотакдор.
Густариш
Сарв дар Шарқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз замонҳои қадим маъмул аст. Сарв дар Тоҷикистон дар шакли худрӯй масоҳати васеъро ишғол намекунад. Фақат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, дар дараи Сардаи Миёна чакалакзори сарви худрӯйро вохӯрдан мумкин аст. Иқлими ҷумҳурӣ барои парвариши чанд намуди сарв мусоид мебошад (масалан, Cupressus sempervirens var. sempervirens, Cupressus s. horisontaLis, Cupressus c. pyramigalis)
Хосияти шифоӣ
Ба ақидаи табибони халқӣ барги сарвро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад, ба захми рӯдаҳо шифо меоварад. 9 г барги хушки сарвро кӯфта бо шилми талхакбодом (2,5 г) бихӯранд, пешобдонро қувват мебахшидааст. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, барои захми милки дандонҳо дору мебошад. Аррамайдаи чӯби сарвро бо шилми талхакбодом сиришта, гузошта банданд, пешобдонро қувват медиҳад, ҷогаҳмезиро ба ибро меоварад. Барги сарвро сӯхта ба захм бипошанд, онро сиҳат мекунад; пухта ба захм бастани он низ чунин хосият дорад. Барги сарвро соида, бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, варами гарми чашмро таҳлил медиҳад, доначаҳои пӯст ва сӯхтаи оташро сиҳат мекунад. Самари сарвро кӯфта, бо асал ва гулоб сиришта бимоланд, барои дарди нимсара даво мебошад. Кӯфтаи онро бо шароб бинӯшанд, суръати инзолро ба таъхир меандозад, дарунро мебандад, барои сурфа ва душвор пешоб кардан дармон мешавад. Самари сарвро дар об ҷӯшонда, то ноф даромада нишинанд, мақъади баромадаро ба ҷояш мебарад. Миқдори истеъмоли самари сарв дар як рӯз то 2 г аст.
Эзоҳ
Адабиёт
- Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989;
- Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998;
- Энциклопедия народной медицины, т. 7. Лекарственные растения, М., 2000.