Иброҳим (араб.إبراهيم — Иброҳим) — чаҳордаҳум сураиҚуръон.
Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 52 оят аст.
Мундариҷа
Алиф, лом, ро. Китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ ба рӯшноӣ бибарӣ ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ (ҳамаи забонҳо шукри Ӯкунанд) роҳ намоӣ. Худое, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст! Пас вой бар кофирон аз азобе сахт. Онҳое, ки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд ва онро мунҳариф (каҷрав нишон доданашро) мехоҳанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд. Ҳар паёмбареро фақат ба забони мардумаш фиристодем, то битавонад паёми Худоро барояшон баён кунад. Пас Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!