Тиристор
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |

Тиристор - қисми нимноқилии афзори электронӣ ё радиоэлектронӣ, ки дар асоси монокристалли нимноқили ду ё зиёда p-n -гузаришдошта сохта мешавад. Тиристор ду ҳолати устувор дорад: «кушода» ва «пӯшида» ( мувофиқан гузаронандагии электрии хуб ва бад). Тиристор асосан барои идоракунии занҷири электрии пуриқтидор бо ёрии сигнали электрии камиқтидор ба кор бурда мешавад. Тиристор се электрод дорад: анод, катод ва электроди идоракунанда.
Сарчашма
Адабиёт
Черепанов В.П., Хрулев А.К. Тиристоры и их зарубежные аналоги. Том 2. Москва: Издательское предприятие «РадиоСофт», 2002