Уқёнуси Ҳинд

Уқёнуси Ҳинд
?
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Уқёнуси Ҳинд — сеюмин уқёнуси кураи Замин аз ҷиҳати бузургӣ баъди уқёнусҳои Ором ва Атлантик аст.

Қисми зиёдаш дар Нимкураи ҷануб воқеъ гардида, онро аз шимол қитъаи Осиё, аз ғарб Африка, аз шарқ Австралия ва аз ҷануб Антарктида иҳота кардаанд. Масоҳаташ якҷоя бо баҳрҳо 74,9 млн км², ҳаҷми об 291,9 млн км3, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 3897 м. Баҳрҳо ва халиҷҳои калонаш: баҳри Сурх, баҳри Араб, халиҷи Форс, баҳри Андаман, халиҷи Банголӣ, Халиҷи Калони Австралия. Қаторкӯҳи зериобии Ҳинди Марказӣ уқёнусро ба қисмҳои начандон чуқури ғарбӣ (ҷазираҳояш: Мадагаскар, Сейшел, Амирант, Маскарен ва ғайра) ва нисбатан чуқури шарқӣ (ҷойи аз ҳама чуқураш новаи Зонд—7209 м дар ҷанубтари ҷазираи Ява) тақсим мекунад.

Дар қаъри уқёнус қаторкӯҳҳо, теппаҳои тӯлонӣ ва хамиҳо (Австралияи Ғарбӣ, Африкаю Антарктида ва ғайра) мавҷуданд. Тукобаҳои наздисоҳилӣ — шелфҳо нефту газ (халиҷи Форс)" ва минтақаҳои рифтӣ (кафидаҳои калони қаъри уқёнус) маъданҳои хром, оҳан, манган, мис ва ғайра доранд. Иқлими қисми шимолии Уқёнуси ҳинд муссонист, дар арзҳои тропикӣ ва субтропикии қисми ҷанубӣ бодҳои сахти пассатӣ мевазанд; дар арзҳои мӯътадил тӯфонҳои пурзӯр ба амал меоянд. Ҳарорати оби сатҳ асосан беш аз 20°С ва дар канори ҷануби уқёнус аз О°С пасттар аст. Яхҳо асосан дар арзҳои антарктикӣ ба вуҷуд омада, баҳорон бод ва ҷараёни об яхпораҳоро то 65—68° а. ҷ. пароканда мекунанд. Шӯрии об аз 32 то 36,5 % (дар баҳр Сурх то 41 %р) аст. Дар обҳои наздисоҳили моҳӣ ва дар ҷануби уқёнус кит шикор мекунанд. Калонтарин бандарҳо: Адан, Бамбай, Калкатта, Карочӣ, Читт; гонг, Коломбо, Рангун, Бандари Мошаҳр, Басра, Фао, Доруссалом, Фримантл, Дурбан.

Эзоҳ



Уқёнусҳо
Атлантик | Ҳинд | Яхбастаи шимолӣ | Ором | Ҷанубӣ

Ман курбонов

Диловар