Ҳулбук (шаҳрак)
Шаҳрак | |
Ҳулбук | |
37°48′18″ с. ш. 69°38′47″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Вилояти Хатлон |
Ноҳия | Ноҳияи Восеъ |
Шаҳрак | ноҳияи Восеъ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 470 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 32 100[1] тан (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳулбук (то соли 1961 Пойтуғ ва то соли 2018 Восеъ) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳия ва ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъ.
Ҷойгоҳ ва мардум
Аз Восеъ то маркази вилоят 130 км, то шаҳри Душанбе 186 км; роҳ асфалтпӯш[2]. Аҳолиаш 22 790 нафар (2014).
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
30,6 | 32,1 |
Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт
Ҳулбук 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, гимназияи «Ориёно», омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, филиали коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, шуъбаи маориф, мактаби варзишӣ, варзишгоҳ, 2 китобхона, мактаби санъат, шуъба ва қасри фарҳанг, кӯдакистон, 5 суратгирхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, маркази савдо, 80 нуқтаи савдои хусусӣ, 60 муассисаи хӯроки умумӣ, чойхонаи миллӣ, шуъбаи алоқа, беморхонаи марказӣ, 12 дорухона, 2 дармонгоҳ, маркази саломатӣ, автовокзал дорад. Дар Восеъ ҷамъияти матлубот, идораи роҳсозӣ, идораи байторӣ, пойгоҳи нақлиётӣ, ситоди ҳолатҳои фавқулода, идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, суди ноҳиявӣ, прокуратура, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, нозироти андоз, раёсати агентии омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ), матбаа, ҶСК «Хоҷамӯъмин», ширкати хусусии «Самар», ҶС «Котон» ва ғайра фаъолият доранд.
Хоҷагидорӣ
Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо тариқи наҳр аз дарёҳои Оқсу ва Сурхоб обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 21 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 4. ВИЧЛАС-ГӮЯНДА — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015, — с.71-74
Сарчашма
- Восеъ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.