Ӯзбекистон
Шиор: «Kuch adolatdadir! (Куч ба адолат!)» | |
Суруди миллӣ: «O`zbekiston Respublikasi Davlat Madhiyasi» (слушать ) | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Иттиҳоди Шӯравӣ, 31 августи соли 1991) |
Забони расмӣ | ӯзбекӣ |
Пойтахт | Тошканд |
Шаҳри калонтарин | Тошканд, Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ |
Идораи давлат | Ҷумҳурӣ |
Президент | Шавкат Мирзиёев |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
56-ум ҷой дар ҷaҳон 447,400 км² {Фоизи об} % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2017) • Зичӣ |
41-ум ҷой дар ҷaҳон 32,979,000 73,0 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2017) • Ба сари аҳолӣ |
62-ум ҷой дар ҷaҳон $222,792 миллиард $ $7023 $ |
Пули миллӣ | сӯм |
Интернет-Домен | .uz |
Коди телефон | +998 |
Соат | UTC +5 |
Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимолу шарқ, шимол ва шимолу ғарб бо Қазоқистон, дар ҷанубу ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷанубу шарқ бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Пойтахт ва калонтарин шаҳри ин кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор нафар). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нуқус, Фарғона, Қаршӣ.
Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагонӣ мекунад (2017). Забони давлатӣ ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.
Таърих
Дар садаи даҳуми милодӣ, сарзамини кунунии Ӯзбекистон, ҷузъе аз қаламрави Сомониён буд. Пас аз Сомониён, Ӯзбекистон ба тартиб, таҳти ҳукумати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён ва хонҳои ӯзбек буда аст. Дар садаи 19 милоди ғарб ва шимоли Ӯзбекистон зери итоати хонигарии Хева ва ҷануби Ӯзбекистон зери салтанати аморати Бухоро буд. Хонигарии Хева дар соли 1877 зери султаи Русия даромад.
Даврони Истиқлол
- 31 августи соли 1991 кишвар ба номи Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқлоли худро эълон кард. 1 сентябри соли 1991 — рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.
- 18 ноябри соли 1991 парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд, 2 июли соли 1992 нишони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд, ва 10 декабри соли 1992 суруди давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд.
- 29 декабри соли 1991 Референдум дар бораи истиқлоли Ӯзбекистон гузашт. Дар ин референдум, 98,3 % овоздиҳон тарафдори истиқлоли кишвару ватанашон Ӯзбекистон шуданд. Ҳамун рӯзи 29 декабри соли 1991 дар Ӯзбекистон якӯмин интихоботи президентӣ гузашт. Дар ин интихобот Ислом Каримов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон аксари орои овоздиҳандагонро (87,1 %) гирифт ва президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Салай Мадаминов аз Ҳизби демократии «Эрк» гирифт (12,5 %).
- 4 январи соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи беловежиро дар бораи барҳамдиҳии ИҶШС ва барпокунии ИДМ ратификатсия кард.
- 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) шуд.
- 8 декабри соли 1992 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд.
- 15 ноябри соли 1993 дар Ӯзбекистон барориши пули сӯм-купон сар шуд. Сӯм-купон ҷои рублҳои ИҶШС ва Русияро гирифт. 1 июли соли 1994 Ӯзбекистон пули миллии худро ба номи сӯм қабул кард. Сӯм — то ҳоло пули миллии ва расмии ин кишвар мебошад.
- 25 декабри соли 1994, 8 ва 22 январи соли 1995 дар Ӯзбекистон интохоботи порлумонӣ шуда гузашт. Ин якӯмин интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбекистони мустақил буд. Аксари овоздиҳон овози худро ба Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон доданд. Интихоботи порлумонии навбатӣ 5 декабри соли 1999 шуда гузашт. Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон боз аксари овози овоздиҳандагонро (49 овоз) гирифт ва бузургтарин ҳизби сиёсии кишвар гардид. Ҷои дуюмро Ҳизби демократии миллии «Фидокорон» гифирт (34 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби «Тараққиёти Ватан» (20 овоз), ҷои чорумро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (11 овоз), ва ҷои панҷӯмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (10 овоз) гирифт.
- 26 марти соли 1995 дар Ӯзбекистон Референдум дар бораи муддати президентӣ гузашт. 9 январи соли 2000 Интихоботи президентии навбатӣ гузашт. Ислом Каримов 95,7 % овози овоздиҳонро гирифт ва боз президенти Ӯзбакистон шуд. Абдулҳафиз Ҷалолов 4,3 % овозҳоро гирифт.
- 27 январи соли 2002 дар ин кишвар Референдуми Конститутсиявӣ дар бораи ҷорӣ кардани порлумони дупалатагӣ ва дароз кардани муддати президентӣ аз 5 сол то 7 сол гузашт.
- 26 декабри соли 2004 ва 9 январи соли 2005 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар Ӯзбекистон шуда гузашт. Ин дафъа овози аксари овоздиҳонро Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт (41 овоз). Ҷои дуюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (28 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби демократии миллии «Фидокорон» (18 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (11 овоз) ва ҷои панҷӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (10 овоз) гирифт.
- 23 декабри соли 2007 Интихоботи президентии навбатӣ гузашт. Аксари овоздиҳон овози худро ба президент Ислом Каримов доданд (90,76 %). Дигар овозҳоро ба Аслиддин Рустамов (3,27 %) аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Дилором Тошмуҳамедова (3,03 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», ва бепартиявӣ Акмал Саидов (2,94 %) гирифтанд.
.
- 27 декабри соли 2009 ва 10 январи соли 2010 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар ин кишвар шуда гузашт. Боз овози аксари овоздиҳонро Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт (53 овоз). Ҷои дуюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (32 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (31 овоз), ҷои чорумро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (19 овоз), ва ҷои панҷумро Ҳаракати экологии Ӯзбекистон (15 овоз) гирифт.
- 29 марти соли 2015 Интихоботи президентии навбатӣ гузашт, ва дар ин интихобот боз Ислом Каримов овози аксари овоздиҳандагонро гирифт (90,39 %) ва президенти Ӯзбакистон шуд. Дигар овозҳоро Акмал Саидов (3,08 %) аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ», Ҳотамҷон Кетмонов (2,92 %) аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон ва Наримон Умаров (2,05 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» гирифтанд.
- 21 декабри соли 2014 ва 4 январи соли 2015 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар Ӯзбекистон шуда гузашт. Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон боз аксари овози овоздиҳонро гирифт (52 овоз) ва боз бузургтарин ҳизби сиёсии ин кишвар шуд. Ҷои дуюмро ин дафъа Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (36 овоз) гирифт. Ҷои сеюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (27 овоз), ҷои чорумро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (20 овоз), ва ҷои панҷумро Ҳаракати экологии Ӯзбекистон (15 овоз) гирифт. Ин интихоботи порлумонӣ то ҳоло охирин интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар мебошад. Интихоботи порлумонии оянда дар ин кишвар солҳои 2019/2020 мегузарад.
2 сентябри соли 2016 президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар Тошканд аз олам даргузашт. Ҷанозаи президент дар зодгоҳаш, шаҳри Самарқанд гузашт, ва президенти якӯми Ӯзбакистон масҷиди Ҳазрати Хизр дар оромгоҳи марказии шаҳри кӯҳнаи Самарқанд дафн карда шуд. Дар ҷанозаи Ислом Каримов президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарвазирон (ҳамчунин сарвазири Русия), ноибони-сарвазирон, вазирон ва дигар меҳмонҳои олӣ аз кишварҳои гуногун иштирок кардаанд. Баъди марги Ислом Каримов вазифаи президентӣ ба раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбакистон Ниғматулло Йӯлдошев гузашт. 8 сентябри соли 2016 дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Йӯлдошев худрадкунӣ аз ин вазифа кард. Дар он маҷлис, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи президенти муваққати Ҷумҳурии Ӯзбакистон таъйин шуд.
- 4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон Интихоботи президентии ғайринавбатӣ гузашт.
Дар ин интихобот овози аксари овоздиҳонро (88,61 %) Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбакистон гирифт ва президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон гирифт (3,73 %). ҷои сеюмро Наримон Умаров (3,46 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва ҷои чорӯмро (2,35 %) Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» гирифт. Интихоботи президентии оянда дар ин кишвар дар соли 2021 мегузарад.
Сохтори сиёсӣ
Тибқи конститутсия, Ӯзбекистон давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошад. Сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Мақоми олии намояндагии давлатӣ Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ҳокимияти қонунбарорро амалӣ менамояд. Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбакистон аз ду палата - палатаи қонунгузорӣ (палатаи поёнӣ) ва сенат (палатаи боло) иборат аст (Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, боби 18, моддаи 76). Мақоми ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои фаъолияти пурсамари иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва маънавӣ, татбиқи қонунҳо, қарорҳои дигари Олий Маҷлис, Фармонҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳнамоӣ мекунад, Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегардонад.
Ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ
- 1991 — Ҳизби Халқии Демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ);
- 1995 — Ҳизби сотсиал-демократии " Адолат ";
- 1995 — Ҳизби "Ватан тараққиётӣ" (соли 2000 бо ҳизби Фидокорҳо ба як ҳизб бо номи Фидокорҳо ҳамроҳ шуд);
- 1995 — Ҳизби Демократии "Миллӣ Тиқланиш ";
- 2000 — Ҳизби Миллии Демократии " Фидокорлар " (соли 2008 ҳизбҳои сиёсии "Миллӣ Тиқланиш" ва "Фидокорлар" ба як ҳизб бо номи "Миллӣ Тиқланиш" муттаҳидшавиашонро эълон карданд );
- 2003 — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон;
- 2008 — Ассотсиатсияи ҷамъиятии " Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон". (Ҷунбиш ба Ҳизби экологии Ӯзбакистон табдил дода шуд ва он 24 январи соли 2019 ба қайд гирифта шудааст).
Бахшбандии кишварӣ
Ӯзбекистон иборат аз 12 вилоят, 1 ҷумҳурии мухтор ва як шаҳри асоси дорад.
- Шаҳри Тошканд (1)
- Вилояти Андиҷон (2)
- Вилояти Бухоро (3)
- Вилояти Фарғона (4)
- Вилояти Ҷиззах (5)
- Вилояти Xоразм (13)
- Вилояти Намангон (6)
- Вилояти Навоӣ (7)
- Вилояти Қашқадарё (8)
- Вилояти Самарқанд (9)
- Вилояти Сирдарё (10)
- Вилояти Сурхондарё (11)
- Вилояти Тошканд (12)
- Ҷумҳурии Қароқалпоқистон (14)
Шаҳр | Аҳолӣ 1.07.2001[1] |
Аҳолӣ 1.01.2014[2] |
---|---|---|
Тошканд | 2 137,2 | 2 352,9 |
Самарқанд | 361,3 | 509,0 |
Намангон | 391,3 | 475,7 |
Андиҷон | 338,4 | 403,9 |
Нукус | 212,0 | 295,2 |
Бухоро | 237,4 | 272,5 |
Фарғона | 183,0 | 264,9 |
Қаршӣ | 204,7 | 254,6 |
Қӯқанд | 197,5 | 233,5 |
Марғилон | 149,6 | 215,4 |
Ангрен | 128,8 | 175,4 |
Ҷиззах | 131,5 | 163,2 |
Чирчиқ | 141,7 | 149,4 |
Урганҷ | 138,6 | 137,3 |
Термиз | 116,5 | 136,2 |
Навоӣ | 138,1 | 134,1 |
Олмалиқ | 113,1 | 121,1 |
Хӯҷайлӣ | - | 104,5 |
Деҳнав | - | 104,4 |
Бекобод | - | 101,2 |
Шаҳрисабз | - | 100,3 |
Ҷуғрофия
Дарозии марзҳои кишвар 6221 км мебошад. Дарозӣ: дар тӯлонӣ (аз шимол ба ҷануб) 925 км, дар арзи ҷуғрофӣ (аз ғарб ба шарқ) 1400 км, шарқтарин нуқтаи Ӯзбекистон, шаҳраки Тополино, вилояти Андиҷон аст.
Баландтарин нуқта аз сатҳи баҳр: Қуллаи Ҳазрат-Султон бо баландии 4643,3 м (қаторкӯҳи Ҳисор). Пасттарин нуқта аз сатҳи баҳр: ботлоқи намаки Кулатай дар Минбулоқ - .712,7 м [47] (биёбони Қизилқум).
Иқлим континенталӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи январ аз +4 ° C дар ҷануб то -10 ° C дар шимол, ҳарорати июл аз +27 ° C дар шимол то +37 ° C дар ҷануб фарқ мекунад. Ҳарорати пасттарин -38 ° C мебошад.
Аҳолӣ
Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллион 121 ҳазор нафар аҳолиро (дар соли 2017) ташкил мекард, аз он ҷумла 51 % аҳолӣ дар шаҳрҳо истиқомат мекарданд.
Дар таркибӣ миллии кишвар, 82 % (аз 25 миллион зиёдтар мардуми кишвар) — ӯзбекон, 5 % (аз 1,5 миллион зиёдтар) — тоҷикон, 3 % (аз 900 ҳазор зиёдтар) — қазоқҳо, 2 % (аз 800 ҳазор зиёдтар) — русҳо. Ҳамчунин, дар кишвар қароқалпоқҳо (аз 500 ҳазор зиёдтар), тоторҳо (аз 300 ҳазор зиёдтар), қирғизҳо, корейсҳо, туркманҳо, украинҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо, форсҳо (эрониён), уйғурҳо, белорусҳо, яҳудиён (асосан яҳудиёнӣ бухороӣ), олмониҳо, лӯлиҳо, арабони Осиёи Миёна истиқомат мекарданд.
Ҳайати миллии аҳолӣ
Миллат | 12 январи 1989 (баҳисобгирии оморӣ)[3] | 1 января 1991 (баҳодиҳӣ)[4] | 1 январи 2011 (баҳодиҳӣ) | 1 январи 2017 (баҳодиҳӣ) | ||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
шумора ҳаз. наф. |
миқдор % | шумора ҳаз. наф. |
миқдор % | шумора ҳаз. наф. |
миқдор % | шумора ҳаз. наф. |
миқдор % | |
ӯзбекҳо | 14 142,5 | 71,39 | 14 995,3 | 72,77 | 23 983,2 | 82,35 | 26 917,7 | 83,8 |
тоҷикҳо | 933,6 | 4,71 | 980,7 | 4,76 | 1 411,6 | 4,85 | 1544,7 | 4,81 |
қазоқҳо | 808,2 | 4,08 | 845,3 | 4,1 | 832,7 | 2,86 | 803,4 | 2,5 |
русҳо | 1653,5 | 8,35 | 1593,8 | 7,73 | 837,5 | 2,88 | 750 | 2,33 |
қарқалпоқҳо | 411,9 | 2,08 | 431,9 | 2,1 | 641,5 | 2,2 | 708,8 | 2,21 |
қирғизҳо | 374,9 | 1,88 | 482,6 | 1,89 | 254,6 | 1,87 | 274,4 | 0,85 |
тоторҳо | 467,8 | 2,36 | 414,6 | 2,01 | 218,6 | 0,75 | 195 | 0,61 |
туркманҳо | 121,6 | 0,61 | 126,6 | 0,61 | 174,7 | 0,6 | 192 | 0,6 |
куриёиҳо | 183,1 | 0,92 | 183,7 | 0,89 | 188,0 | 0,65 | 176,9 | 0,55 |
укроинҳо | 153,2 | 0,77 | 146,8 | 0,71 | 78,2 | 0,27 | 70,7 | 0,22 |
дигарон | 759,8 | 3,84 | 706,4 | 3,43 | 502,8 | 1,73 | 486,9 | 1,52 |
Ҳамагӣ | 19 810,1 | 100 | 20 607,7 | 100 | 29 123,4 | 100 | 32 120,5 | 100 |
Аз соли 1989 дар Ӯзбекистон баҳисобгирии аҳолӣ гузаронида нашудааст. Мансубияти миллӣ аз рӯи маълумотномаи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон (аз рӯи миллати волидайн) оварда шудааст.
Иқтисодёт
Идҳои расмии кишвар
Рӯз | Ном ба забони ӯзбекӣ | Ном ба забони тоҷикӣ |
---|---|---|
1 январ | Yangi yil bayrami Янги йил байрами |
Соли нави мелодӣ |
14 январ | Vatan himoyachilari kuni Ватан ҳимоячилари куни |
Рӯзи муҳофизони Ватан |
8 март | Xalqaro xotin-qizlar kuni Халқаро хотин-қизлар куни |
Рӯзи байналмилалии занон |
21 март | Navroʻz Наврӯз |
Наврӯз |
9 май | Xotira va qadrlash kuni Хотира ва қадрлаш куни |
Рӯзи хотира ва иззат |
1 сентябр | Mustaqillik kuni Мустақиллик куни |
Рӯзи истиқлолят |
1 октябр | Oʻqituvchilar va murabbiylar kuni Ўқитучилар ва мураббийлар куни |
Рӯзи устодон ва мураббиён |
8 декабр | Konstitutsiya kuni Конституция куни |
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон |
- | Ramazon Hayit Рамазон Ҳайит |
Иди Рамазон |
- | Qurbon Hayit Қурбон Ҳайит |
Иди Қурбон |
Маориф ва фарҳанг
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, дар соли 2020 шумораи театрҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, 49 ададро ташкил медиҳад.
- Шумораи театрҳое, ки дар ҳудудҳои вилоятҳо фаъолият мебаранд, чунинанд:
- Самарқанд - 4 то
- Қарақалпоқистон - 3 то
- Андиҷон - 3 то
- Бухоро - 2 то
- Ҷиззах - 2 то
- Қашқадарё - 4 то
- Намангон - 1 то
- Сурхондарё - 2 то
- Сирдарё - 2 то
- Тошканд - 1 то
- Фарғона - 5 то
- Хоразм - 2 то
- шаҳри Тошканд - 18 то. [5]
Ҷозибаҳои сайёҳӣ
Нигораҳо
Пайвандҳо
- Правительственный портал Республики Узбекистан.
- Республика Узбекистан. Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств
- Facebook — страница Республики Узбекистан.
- Граждан Узбекистана обязали прикладывать руку к сердцу во время гимна
- Национальное информационное агентство Узбекистана
- Информационный портал Узбекистана «УЗИНФОРМ»
- panoramio.uz — Виртуальный Узбекистан Бойгонӣ шудааст 11 сентябри 2015 сол.
Эзоҳ
- ↑ Demographic Yearbook 2013. Population of capital cities and cities of 100 000 or more inhabitants: latest available year, 1999—2013
- ↑ Статистический буклет «О населении языком цифр»
- ↑ Всесоюзная перепись населения 1989 года. Национальный состав населения по республикам СССР
- ↑ Информация о национальном составе постоянного населения Республики Узбекистан(пайванди дастнорас — таърих). 29 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2019.
- ↑ Telegram Web Овози Самарқанд
Қазоқистон | Қирғизистон | ҶХЧ | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбекистон | |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон |
Қазоқистон | Қирғизистон | Беларус | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбекистон | | |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина |