Süddeutsche Zeitung
Номи аслӣ | олмонӣ: Süddeutsche Zeitung[1][2] |
---|---|
Навъ | рӯзномаи рӯз[d] |
Формат | васеъшакл[d] |
|
|
Ношир | Süddeutscher Verlag[d][1] |
Кишвар | |
Асосгузорӣ | 6 октябр 1945 |
Забон | олмонӣ[2] |
Даврият | 1 Рӯз |
Нарх | 2,4 € |
Дафтари марказӣ | |
ISSN | 0174-4917 |
Вебгоҳ | sueddeutsche.de(олмонӣ) |
«Зюддойче Тсайтунг» (олмонӣ: Süddeutsche Zeitung — «Рӯзномаи Олмони Ҷанубӣ»; кӯтаҳ. SZ) — яке аз пуртиражтарин рӯзномаҳои Олмон, ки аз ҷониби Иттиҳодияи табъу нашри «Зюдойчер ферлаг» дар Мюнхен нашр мешавад.
Таърих
16 октябри 1945 таъсис ёфтааст. Рӯзнома мавқеи худро либералӣ-иқтисодӣ муаррифӣ кардааст, аммо бештар масъалаҳои фарҳангиро инъикос мекунад. Бахши «Фарҳанг»-и рӯзнома серхонанда буда, қисми зиёди саҳифаҳои «Зюддойче Тсайтунг»-ро фаро мегирад. Рӯзнома ҳар рӯзи душанбе бо замимаи мақолаҳои «Ню-Йорк Таймс» бо забони англисӣ интишор меёбад. Инчунин, рӯзи ҷумъа замимаи рӯзнома дар шакли маҷалла бо номи «SZ-Magazin» (аз соли 1990) ва рӯзҳои якшанбе замимаи дигари он бо номи «SZ-Extra», ки барномаи телевизиону радио ва эълонро дар бар мегирад, интишор мегарданд. «Зюддойче Тсайтунг» (SZ) яке аз рӯзномаҳои таъсиргузори Олмон аст.
Эзоҳ
Адабиёт
- Зюддойче Сайтунг / О. Нозир // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.