Масуниятшиносӣ
Иммунология, масуниятшиносӣ (аз лот. immunis — озод, раҳо, халосшуда аз чизе + юн. λόγος — дониш) — илми тиббию биологиест, ки таассури молекулавӣ, ҳуҷайравӣ ва физиологии организмро ба антигенҳои гуногун ва ноҷӯриҳои дар ин маврид пайдошуда меомӯзад.
Предмети омӯзиши иммунология
Маҷмӯи таассури муҳофизатие, ки ба доимӣ нигоҳ доштани муҳити дохилии организм нигаронида шудааст, иммунитет ном дорад.
Иммунология ҳамчун илми мустақил аз кашфиёти Л. Пастер (1880) оғоз ёфт. ӯ муқаррар кард, ки мурғони бо парвардаи кӯҳнаи ангезандаи касалии вабо моякӯбшуда ба таъсири ангезандаҳои ниҳоят бадзаҳри вабои мурғон муқовимати зӯр ва ноҳассосӣ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ Л. Пастер принсипи ба даст овардани ваксинаҳоро муайян намуда, бар зидди бемориҳои сӯхтанӣ ва ҳорӣ мояҳои махсус тайёр кард.
Ба тараққиёти иммунология олимони немис П. Эрлих, франсавӣ Э. Ру, австриягӣ К. Пирке, рус И. И. Мечников, А. А. Безредка, В. К. Високович, И. Г. Савченко, Н. Н. Чистович, Л. А. Тарасевич ва шӯравӣ И. Л. Кричевский, Л. А. Зилбер, П. Ф. Здродовский, Г. В. Вигодчиков, В. И. Иоффе ва дигарон саҳми калон гузоштаанд.
Соҳаҳои иммунология
Иммунология таълимот дар бораи иммунитет ва таълимот дар бораи аллергияро низ дарбар мегирад. Иммунология ба ду соҳа – иммунологияи назариявӣ ва иммунологияи амалӣ тақсим мешавад.
Иммунологияи назариявӣ
Иммунологияи назариявӣ ба ошкор намудани асл ва тариқи ба амал омадани таомулҳои ба иммунитет ва аллергия мутааллиқи организм машғул аст.
Иммунологияи амалӣ
Вазифаи иммунологияи амалӣ ба кор бурдани таомул ва омилҳои иммунитет дар амалияи тиб, байторӣ ва биология мебошад (мас., истифодаи реаксияи серологӣ ва аллергӣ дар ташхиси бемориҳои сироятӣ, ҳалли баъзе масъалаҳои экспертизаи тиббӣ-судӣ бо усулҳои масуниятшиносӣ, муайян кардани гурӯҳҳои хун ва ғайра). Реаксияҳои иммунологӣ дар соҳаи эпидемиология ва эпизоотология барои ошкор намудани сироятҳои нуҳуфта (пинҳон) низ васеъ ба кор мераванд. Бо ёрии омилҳои иммунологӣ бемориро ташхис (иммунодиагностика), пешгирӣ (иммунопрофилактика) ва табобат (иммунотерапия) менамоянд.
Самтҳои иммунология
Иммунология чанд фасл дорад: иммуноморфология, ки анатомия, гистология ва ситологияи системаи масунии организм, иммунологияи қиёсӣ, ки аксуламали масунии организми ҷонварони гуногун, иммунопатология, ки таомулҳои иммунологии фавқулоддаи зараровар ва бемориҳои бо ихтилолоти фаъолияти системаи иммунитет вобаста, иммунобиология, ки тариқи ҳосилшавии подтанҳо, филогенез ва онтогенези системаи иммунитетро дар ҳадди ҳуҷайра ва молекула меомӯзад.
Иммунология усулҳои пажӯҳишии худро дорад. Аз усулҳои тадқиқотии навтарини дигар илмҳои наздик (биохимия, ситоморфология, эндокринология ва ғайра) низ истифода мебарад. Олимони Тоҷикистон баъзе масъалаҳои муҳими иммунология (таъсири шароити баландкӯҳ ва иқлими гарм ба реаксияҳои иммунологӣ, масунияти организми инсон ҳангоми бемориҳои сироятии шадид ва ғайра)-ро тадқиқ намуда, дар тараққиёти иммунология саҳми муайян гузоштанд.
Адабиёт
- Иммунология / под ред. Хаитова Р. М.. — М.: Медицина, 2000. — 425 с. — ISBN 522504543X.
- Галактионов В. Г. Иммунология: Учебник. — М.: Издательство МГУ, 1998. — 480 с. — ISBN 5-211-03717-0.
- Энциклопедический словарь медицинских терминов / под ред. Покровского В. И.. — М.: Советская энциклопедия, 1984. — С. 1591.
- Чепель Э. Основы клинической иммунологии / Перевод с англ. 5-е издание. — М.: ГЭОТАР-Медиа, 2008. — С. 416. — ISBN 978-1-4051-2761-5.
- Попов Н. Н. Клиническая иммунология и аллергология. — М.: Реинфор, 2004. — 524 с. — ISBN 5-94944-014-5.
- Доссе Ж. Иммуногематология, пер. с франц.. — М., 1959.
- Радиационная иммунология. — М., 1965.
- Лабораторные методы исследования в неинфекционной иммунологии / под ред. О. Е. Вязова. — М., 1967.
- Иоффе В. И. Клиническая и эпидемиологическая иммунология. — Л., 1968.
- Практическая иммунология / под ред. П. Н. Бургасова и И. С. Безденежных. — М., 1969.
Пайвандҳо
- Иммунология / А. Х. Канчурин, Н. В. Медуницын // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : , 1969—1978.
- Материалы по иммунологии от Российской Академии Наук Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2007 сол.
- Материалы по иммунологии
- Материалы по истории иммунологии
- Элементы большой науки
Сарчашма
- Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди II. — Душанбе: СИЭМТ, 2011. — 512 с. — ISBN 978-99947-33-44-6.