Африқои Шарқӣ
Áфриқои Шарқӣ — ноҳияи табиӣ, як қисми қораи Африқо (аз 50 а. ш. то 170 а. ҷ.) ва ҷазираҳои Пемба, Занзибар, Мафия. Қариб тамоми ҳудуди Африқои Шарқӣ (ба ҷуз минтақаи камбари пастхамии наздибаҳрии Уқёнуси Ҳинд)-ро паҳнкӯҳи Африқои Шарқӣ, ки 1000–1100 м баландӣ дорад, фаро гирифтааст. Қисми зиёди паҳнкӯҳ аз ҷинсҳои қадими булӯрӣ иборат аст. Тарқишҳои бузурги тектоникӣ, ки ҳудуди Африқои Шарқиро аз шимол ба ҷануб бурида мегузаранд, дар релйеф ба шакли пастхамиҳои тангу амиқи тӯлонӣ намудоранд. Нуқтаҳои баландтарини қора – вулканҳои хомӯшшудаи Килиманҷаро (5895 м), Кения (5199 м) ва Рувензори (5109 м). Иқлимаш истивоӣ, муссонӣ, сернами мавсимӣ. Боришоти солона қариб 1000 мм, дар қисми шимолу ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ то 1500 мм, дар қисми шим. шарқӣ то 500 мм. Ҳарорати миёнаи моҳона беш аз 20оС. Паҳнкӯҳи Африқои Шарқӣ дар байни ҳавзаҳои Уқёнуси Атлантик (шохобҳои рости дарёи Луалаба), Баҳри Миёназамин (дарёи Нил) ва Уқёнуси Ҳинд (дарёҳои Тана, Пангани, Руфиҷи, Рувума) чунбахшгоҳ хидмат мекунад. Дар пастхамиҳои тектоникӣ кӯлҳои калони Виктория, Танганйика, Малави, Мобуту-Сесе-Секо, Няса, Туркана ва ғайра ҷойгиранд. Олами набототаш асосан навъҳои гуногуни дашт ва бешаҳои тунуканд, набототи кӯҳҳо вобаста ба баландӣ тағйир ёфта, то баландии 2800 м бешазори тропикии кӯҳӣ, болотар буттазори ғарав (найи ҳиндӣ) ва халанҷ, аз 3100 то 4500 м марғзор, аз он боло минтақаи барфу пиряхҳоанд. Олами ҳайвоноташ ғанӣ: оҳу, говмеш, заррофа, каркадан, павиан, шер, паланг, парвонак, кафтор, гург, саги кафторшакл, баҳмут, тимсоҳ ва ғайра парандаҳо бисёр ва гуногунанд.[1]
Кишварҳо
- Ҷибути (Ҷибути}
- Кения (Найроби)
- Мадагаскар (Антананариву)
- Майората (Дзаудзи)
- Малави (Лилонгве)
- Мозамбик (Мапуту)
- Реюнон (Сен-Дени)
- Руанда (Кигали)
- Ҷазираҳои Сейшел (Виктория)
- Сомали (Могадишо)
- Уганда (Кампала)
- Эфиопия (Аддис-Абеба)
- Судони Ҷанубӣ (Ҷуба)
Адабиёт
- Восточная Африка // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
- Асоян Н. С. Восточная Африка: Очерки географии хозяйства Кении, Уганды, Танзании / Институт географии АН СССР. — М.: Мысль, 1976. — 252 с.
Пайвандҳо
- Восточная Африка. Страны и территории Бойгонӣ шудааст 20 апрели 2015 сол.
Эзоҳ
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.114